Саргардонии 500 мусофир ба мақсади сафари Русия дар фурудгоҳи Кӯлоб

© Sputnik / Рамиль СитдиковТрудовые мигранты
Трудовые мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Обуна шудан
Ҳавопаймо ба Кемерово бояд субҳи дирӯз соати 9 парвоз мекард
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Агентии авиатсияи гражданӣ ин дафъа парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-ро боздошт.
Бино бар иттилои "Парс тудэй", бо сабаби боздошти иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Сибир” зиёда аз 500 нафар мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб дармондаанд.
“Агентии авиатсияи гражданӣ бо сабабҳои номаълум дар лаҳзаҳои охир иҷрои парвозҳои моро боздошт”, - гуфтааст муовини директори намояндагии ширкати “Сибир” Ҷӯрабек Тоҷибеков.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Сибир” аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Владивосток, Новосибирск, Саратов, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.
Пассажирский авиалайнер Airbus A320 авиакомпании S7 Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Росавиатсия парвозҳои мустақимро аз Тоҷикистон ба Сургут иҷозат дод
“Нархи билетҳои мо аз арзиши мувофиқашуда бо Агентӣ зиёд нест. Лекин масалан, имрӯз, 21 май парвози ҳавопаймоҳои ширкати мо ба самти Кемерово, Волгоград ва Барнаул аз фурудгоҳи Кӯлоб боздошта шудааст. Ҳавопаймо ба Кемерово бояд субҳи дирӯз соати 9 парвоз мекард”, - иброз дошт Тоҷибеков.
Айни замон ба қавли номбурда, дар фурудгоҳи Кӯлоб зиёда аз 500 нафар мусофир иҷрои парвозро бо хатсайри худ интизоранд.
“Рӯзҳои охир иҷрои парвоз боз тариқи якчанд хатсайр боздошт шуда, лекин мо мусофиронро ба дигар хатсайрҳо гузаронидем. Чанд рӯз пеш Агентӣ ба ширкат мактуб фиристода, дархост намуд, ки ҳадди ниҳоии нархи билет 500 доллар муқаррар шавад”, - гуфтааст намояндаи ширкат.
Ёдрас мекунем, ки Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ аз 11 май парвози ширкатҳои "Северный ветер" ва "Сибир"-ро боздошта, инро ба зиёд будани нархи билетҳо маънидод кард.
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Чиптаи 500 – доллара! Ваъдаи се ширкати русӣ барои арзон кардани нархи чиптаи самти Русия
Чанд рӯз пеш Агентӣ ба таври истисно ба ширкатҳо иҷоза дод, ки барои бурдани мусофирони аллакай билетдошта аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳоро анҷом диҳанд.
Он вақт дар Агентӣ изҳор дошта буданд, ки танҳо дар сурати аз ҷониби ширкатҳо муқаррар шудан нархи қаблан мувофиқашуда, ба барқарор гардидани парвозҳо иҷоза медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0