https://sputnik.tj/20210522/ruzi-22-may-dar-tarih-1039650924.html
Зодрӯзи Малика Собирова: рӯзи 22 май дар таърих
Зодрӯзи Малика Собирова: рӯзи 22 май дар таърих
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи бисту дуюми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, дар Яман иди миллӣ - Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад
2021-05-22T06:00+0500
2021-05-22T06:00+0500
2021-05-22T06:00+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
ҷашн
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1035023238_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6c1982e55f36ea1a2101f6104d2e83fd.png
Рӯзи 22 май дар ҷаҳон чӣ рух додСоли 1846 дар Ню-Йорк бузургтарин Агентии иттилоотии байналмилалӣ Associated Press таъсис дода шуд.Рӯзи 22 май дар Тоҷикистон чӣ рух додСоли 1940 бо Қарори Прездиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ медали тиллоии "Серп ва Молот" — нишони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ таъсис дода шуд.Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.Соли 2009 дар арафаи таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) дар шаҳри Ҳисор Маркази фарҳангию илмии ба номи Имоми Аъзам ба истифода дода шуд.Соли 2009 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бюрои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва фонди "Марҷон" намоиши СҲШ "Кӯдакон расм мекашанд" баргузор гардид.Соли 2014 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, инчунин вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду кишвар баррасӣ шуданд.Соли 2016 дар саросари мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Соли 2017 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар мулоқот намуданд.Ҷашнҳои рӯзи 22 майРӯзи 22 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадаастСоли 1936 — Салоҳиддин Фатҳуллоев, фолклоршинос. Соли 1942 — Малика Собирова, ҳунарманди балет, ҳунарманди мардумии ИҶШС, дорандаи мукофот давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.Соли 1944 — Саидбой Шербоев, доктори илмҳои педагогӣ, профессор. Соли 1949 — Абдулҳай Саидов, журналист.
https://sputnik.tj/20210521/ruzi-21-may-dar-tarih-1039567818.html
https://sputnik.tj/20210520/ruzi-20-may-dar-tarih-1039563442.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1035023238_185:0:2916:2048_1920x0_80_0_0_ee0b886dc728892c020ad4819c5f3e36.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷаҳон, ҷашн
Зодрӯзи Малика Собирова: рӯзи 22 май дар таърих
Рӯзи бисту дуюми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, дар Яман иди миллӣ - Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад
Рӯзи 22 май дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1846 дар Ню-Йорк бузургтарин Агентии иттилоотии байналмилалӣ Associated Press таъсис дода шуд.
Рӯзи 22 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1940 бо Қарори Прездиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ медали тиллоии "Серп ва Молот" — нишони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ таъсис дода шуд.
Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Соли 2009 дар арафаи таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) дар шаҳри Ҳисор Маркази фарҳангию илмии ба номи Имоми Аъзам ба истифода дода шуд.
Соли 2009 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бюрои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва фонди "Марҷон" намоиши СҲШ "Кӯдакон расм мекашанд" баргузор гардид.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, инчунин вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Соли 2016 дар саросари мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2017 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар мулоқот намуданд.
Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ.
Дар Яман иди миллӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ.
Дар Гаити Рӯзи Истиқлолият ва миннатдорӣ.
Рӯзи 22 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1936 — Салоҳиддин Фатҳуллоев, фолклоршинос.
Соли 1942 — Малика Собирова, ҳунарманди балет, ҳунарманди мардумии ИҶШС, дорандаи мукофот давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Соли 1944 — Саидбой Шербоев, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.
Соли 1949 — Абдулҳай Саидов, журналист.