Ятимҳое, ки фарзанди президент шуданд: Раҳмон гуфт, кистанд ва чигуна гирифт - видео

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Обуна шудан
Президент ёдрас шуд, ки дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 55 ҳазор нафар ятими кулл шуданд
ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар рафти мулоқот бо ҷавонони Тоҷикистон дар рӯзи 21 май гуфт, ки то имрӯз ятимони куллро, ки ба тарбияи худ гирифта буд, парасдорӣ мекунад.
Президент аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдрас шуд ва гуфт, "тоҷикон хатогиҳое, ки давлати Сомониён карда буданд, соҳои 90 такрор карданд".
"Моргазида аз банди ало метаврсад, мор мову шуморо дар солҳои 90 сахт газид. 55 ҳазор кӯдак пурра ятим монданд - бе падару модар", - таъкид карда раисҷумҳури Тоҷикистон.
Зимнан, президент ёдрас шуд, ки аз ҳамон ятимоне, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ бепадару модар мондаанд, аз ҳар ноҳия 4-5 кӯдакро гирифтаву то ҳол тарбия мекунад.
Встреча Рахмона с учителями средних школ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2020
"Айни зангирӣ": Раҳмон аз духтаракони тарбияткардааш ба муаллим ҳамсар пешниҳод кард
Ба қавли президент дар рафти сафарҳояш ба ин ё он ноҳия баъди солҳои ҷанг ба ӯ муроҷиат мекарданд, ки дар хонааш чанд кӯдаки ятимро ҷой додаасту аммо имкони тарбияву таъминашонро надорад. Дар натиҷа онҳоро президент ба тарбия мегирифтааст.
"Ҳар ноҳияе мерафтам, чор- панҷ кӯдак. Ҷаноби олӣ, ҳамин кӯдакон дар хонаи ман, падару модарашон кушта шудааст, танҳо аст, чӣ кор кунам, зӯрам намерасад. Биёр, биёр, биёр, то ҳол ятим парвариш карда истодаем", - мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон.
Ин бори нахуст нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба тарбияи хеш гирифтани ятимон мегӯяд.
Чунончи, моҳи августи соли 2020 кишвардор ҳангоми мулоқот бо намояндагони соҳаи маориф бахшида ба оғози соли таҳсили нав дар ин бора гуфта буд.
Раисҷумҳур дар муроҷиат ба вазири маориф ва муовини раиси шаҳри Душанбе аз сохторе ёдрас шуда буд, ки дар он президент худаш духтаракони ятими куллро аз тамоми шаҳру деҳот ҷамъ карда, тарбият кардааст.
"Ман як сохтор дорам, духтаракони ятими куллро дар он ҷо тарбия мекунам, аз хурсолӣ, аз мактаб-интернатҳо ҷамъ мекунам, дар ҳамон сохтор оварда тарбия мекунам, мехононам, донишгоҳ дохил мекунам, баъд шавҳаршон медиҳам, оиладоршон мекунам, баъд мустақилона мераванд", - гуфта буд президент.
Лентаи хабарҳо
0