Бо Рӯдакӣ авлодӣ дорӣ? сӯҳбати ҷолиби Президент бо Раъно Насриддинова

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мулоқоташ бо ҷавонон, бо Раъно Насриддинова, ғолиби озмуни "Фурӯғ" дар соли 2020 мулоқоти ҷолибу самимона анҷом дод
Ин мулоқоти ҳамакнун як чеҳраи маъруфи кишвар Раъно Насриддинова, хатмкунандаи мактаб ва ғолиби озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" каме аз дигар мулоқотҳои ҷавонон бо президент фарқкунанда буд.
Агар дар бештари ҳолат, нафароне ки дар назди раисҷумҳур суханронӣ мекунанд, суханҳои пештар азёдкардаашонро хонанду ба суолҳои призидент кӯтоҳ посух диҳанд, Раъно худро нисбат ба дигарон озодтар ҳис мекард, посухҳоро самимона мегуфт.
Ӯ бо чанд луқмаи ҳозирҷавобона баъди бахши қисми расмии суханрониаш ҳатто президентро хандонид.
Эмомали Рахмон в день выборов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2021
Аҳсан, Раъно: президент хулосаҳояшро аз баргузории озмуни "Фурӯғ" гуфт
Раисҷумҳур ба ӯ аҳсан хонд, ҳатто чанд масъул, аз ҷумла вазири маориф, раиси дастгоҳи президент, раиси кумитаи занон ва раиси ҷавононро аз ҷой хезондаву гуфт, "истифода баред".
Сипас, ба Раъно муроҷиат кард ва хоҳиш кард, ки шумораи китобҳои хондаашро баланд-баланд гӯяд, то дигарон шунаванд.
- Бо Рӯдакӣ ягон авлодӣ дорӣ?
- Мо ҳама бояд бо Рӯдакӣ авлодӣ дошта бошем, ҷаноби олӣ.
- Шаҳри Панҷакент, ки қариб 300 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳама ин хел нестанд. Имсол хатм кардӣ, куҷо дохил мешавӣ?
- Факултаи Филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Вазири маориф, роҳбари дастгоҳ, раиси кумитаи занҳо дар бештар чорабиниҳо, маҳфилҳо истифода кунед. Мо мардуми аҳли зиё сухани адабӣ гуфтана ёд гирем. Ун кас гап занад, мо гӯш кунем, ё шеър хонад мову шумо гӯш кунем. Таҳти назорат гиред, тарбия кунед, кӯмак кунед.
- Дар озмун чиҳоро азхуд кардӣ, баланд, баланд гӯ, шунаванд.
Дар бахши номинатсияи адабиёти ҷаҳон 350 асари мукаммал, аз 5 наминатсия 800 асари бадеӣ, 10,5 ҳазор байт шеър.
- Аҳсант, ба падарат аҳсант
- Ҷаноби олӣ, тамоми ҳастии мо барои волидон аст.(Президент самимона механдад).
- Тамоми умр хизмат мекунем.
- Саломат бошӣ, муваффақият!
Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 мактаби рақами 28 – и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент аст, ки дар моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид.
Раъно Насриддинова, духтараки панҷакентие, ки Президентро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2020
Духтараки панҷакентие, ки Раҳмонро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт, Шоҳҷоиза гирифт
Доварони озмун аз якдилона аз ҷамъи иштирокчиён шоҳҷоизаро ба ин хонандаи деҳотӣ аз Панҷакент сазовор донистанд. Барои ин пирӯзаш ба Насриддинова 60 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Раъно Насриддинова баъди комёб шудан ба озмуни китобхонӣ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки шавқи китобхонӣ барояш аз замони кӯдакӣ зуҳур кардааст.
“Дар як солу ду сол тайёрӣ дидан ба ин ин гуна озмуни бузург кори душвор аст ва ҳар касе, ки мехоҳад дар ин инчунин чорабиниҳо номвар шаваду ҷоиза ба даст орад, бояд меҳру муҳаббати комил ба адабиёт дошта бошад".
Бе заминаи хурдсолӣ ба китобхонӣ ба муваффақият ноил шудан кори душвор аст”, таъкид намуда буд, барандаи “Шоҳҷоиза”.
Лентаи хабарҳо
0