Якҷо ба оянда: ноиби вазир гуфт, Русия аз Осиёи Марказӣ рафтанӣ нест

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра иностранных дел РФ Андрей Руденко
Заместитель министра иностранных дел РФ Андрей Руденко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Обуна шудан
Андрей Руденко, ноиби вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш минтақаи Осиёи Марказиро тарк карданӣ нест
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ноиби вазири умури хориҷии Русия, иддаоро, ки ин кишвар дар Осиёи Марказӣ манофеи иқтисодӣ надорад, бепоя хонд.
Андрей Руденко, зимни ҳамоиш дар бошгоҳи муколамаи “Валдай” зери унвони “Русия ва Осиёи Марказӣ дар рӯбарӯи чолишҳои ҷаҳони нав: роҳи муштарак ба оянда”, аз ҷанбаи иқтисодии масъала гуфт.
Ба иттилои ноиби вазир, аллакай, ҳаҷми сармояи Русия дар Осиёи Марказӣ ба 50 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.
“Аз ин маблағ 36 миллиард доллари амрикоӣ ба Қазоқистон, беш аз 10 миллиард ба Ӯзбекистон ва 1,5 миллиард ба Тоҷикистон рост меояд”, - иттилоъ дод Sputnik Қирғизистон аз қавли Андрей Руденко.
Манбаъ афзуд, ки дар баробари ин дар Осиёи Марказӣ беш аз 10 ҳазор корхонаҳои муштарак бо саҳми ширкатҳои Русия фаъолият доранд. Гардиши мол миёни Русия ва Осиёи Марказӣ соли 2020 беш аз 28 миллиард долларро ташкил дод.
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Чиптаи 500 – доллара! Ваъдаи се ширкати русӣ барои арзон кардани нархи чиптаи самти Русия
“Ин рақамҳо иддаоро, ки Русия дар Осиёи Марказӣ манофеи иқтисодӣ надораду аз он ҷо баромаданист, инкор мекунанд. Ин комилан чунин нест. Мо ҷое баромаданӣ нестем ва намеравем”, - таъкид намуд ноиби вазири умури хориҷии Русия.
Александр Рар, корманди илмии Пажуҳишгоҳи сиёсати байналмилалии WeltTrends, мегӯяд, рӯйгардонӣ аз Осиё маъние надорад, баръакс дар марҳилаи баъдикоронаӣ дурнамои ҷиддии рушди ҳамкориҳо мавҷуд аст.
Лентаи хабарҳо
0