Путин гуфт, вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия беҳбуд меёбад

© Sputnik / Сергей Ильин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел совещание по реализации отдельных положений его послания Федеральному собранию
Президент РФ В. Путин провел совещание по реализации отдельных положений его послания Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Обуна шудан
Кишвардори Русия Владимир Путин дар ҷараёни ҷаласаи олии иқтисодии АвруОсиё, ки дар фазои маҷозӣ сурат гирифт, аз кӯшиши Русия дар самти беҳтар кардани шароити муҳоҷирон гуфт
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Владимир Путин гуфт, Федератсияи Русия барои беҳбуди вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, талош хоҳад кард.

"Дар навбати худ, Русия мекӯшад ва саъй хоҳад кард, ки барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки ба хотири кор ба Русия меоянд, шароити созгор муҳайё намояд", - афзуд Путин дар ҷаласаи олии иқтисодии АвруОсиё, ки дар фазои маҷозӣ сурат гирифт.

Вай қайд кард, ки дар ояндаи наздик системаи ягонаи интернетии "Кори бидуни марз" ва замимаи дахлдор ба роҳ монда хоҳад шуд, ки имкон медиҳад бақайдгирии ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кор таъмин карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин нишаст сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла пешвои Русия Владимир Путин, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, сарони давлатҳои нозир - Куба ва Ӯзекистон ҳузур доштанд.
Лентаи хабарҳо
0