https://sputnik.tj/20210521/pizishk-marg-maradona-muttaham-zindon-tahdid-1039631693.html
Ба 7 пизишке, ки дар марги Марадона муттаҳам мешаванд, то 25 соли зиндон таҳдид мекунад
Ба 7 пизишке, ки дар марги Марадона муттаҳам мешаванд, то 25 соли зиндон таҳдид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳ, кори гурӯҳи табибоне, ки ба Марадона кумак мерасонданд, "нокифоя", "номукаммал" ва "бепарвоёна" арзёбӣ намудааст
2021-05-21T14:40+0500
2021-05-21T14:40+0500
2021-05-21T15:36+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
аргентина
диего марадона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1a/1032346695_0:0:2200:1239_1920x0_80_0_0_b8c2aa07e9ea5536a29f1a53bbf59264.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Тафтиши марги футболбози маъруфи Аргентина, Диего Марадона ба поён расид, менависад хабаргузории Sport Box.ru.Ба гузориши манбаъ, дар марги Марадона 7 нафар муттаҳам дониста мешаванд.Зикр мегардад, ин 7 нафар пизишконе ҳастанд, ки барои кумак расондан ба футболбоз, ба хонаи ӯ ташриф оварданд, аммо мадади онҳо бенатиҷа анҷомид.Дар гузориши додситон қайд шудааст, ки кори ин гурӯҳ табибон "нокифоя", "номукаммал" ва "бепарвоёна" буда, ба онҳо аз 8 то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.Қаблан, дар марги Марадона, табиби ӯ, Леополдо Лукеро муттаҳам медонистанд. Ҳатто хона ва ҷойи кори Луке кофтукобу ташхисҳои футболбози марҳум ва ҳуҷҷатҳои дигар дар робита ба маризии ӯ барои тафтишот гирифта шуд.Худи пизишк он замон тамоми иттиҳомотро нисбати худ рад намуда гуфт, "дар марги Марадона на ӯ ва на табиби дигар гунаҳкор аст".Ёдовар мешавем, Диего Марадона рӯзи 25 ноябри соли 2020 дар синни 60- солагӣ аз дунё гузашт.
https://sputnik.tj/20201125/Diego-Maradona-nomvartarin-sitorai-aonii-futbol-darguzasht-61-sol-dosht-1032344251.html
аргентина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1a/1032346695_0:0:2088:1566_1920x0_80_0_0_6d09609599ff3b93738112f95b68c449.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
диего марадона, футболбоз, марг,аргентина
диего марадона, футболбоз, марг,аргентина
Ба 7 пизишке, ки дар марги Марадона муттаҳам мешаванд, то 25 соли зиндон таҳдид мекунад
14:40 21.05.2021 (Навсозишуда: 15:36 21.05.2021) Додгоҳ, кори гурӯҳи табибоне, ки ба Марадона кумак мерасонданд, "нокифоя", "номукаммал" ва "бепарвоёна" арзёбӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Тафтиши марги футболбози маъруфи Аргентина, Диего Марадона ба поён расид, менависад хабаргузории Sport Box.ru.
Ба гузориши манбаъ, дар марги Марадона 7 нафар муттаҳам дониста мешаванд.
Зикр мегардад, ин 7 нафар пизишконе ҳастанд, ки барои кумак расондан ба футболбоз, ба хонаи ӯ ташриф оварданд, аммо мадади онҳо бенатиҷа анҷомид.
Дар гузориши додситон қайд шудааст, ки кори ин гурӯҳ табибон "нокифоя", "номукаммал" ва "бепарвоёна" буда, ба онҳо аз 8 то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Қаблан, дар марги Марадона, табиби ӯ, Леополдо Лукеро муттаҳам медонистанд. Ҳатто хона ва ҷойи кори Луке кофтукобу ташхисҳои футболбози марҳум ва ҳуҷҷатҳои дигар дар робита ба маризии ӯ барои тафтишот гирифта шуд.
Худи пизишк он замон тамоми иттиҳомотро нисбати худ рад намуда гуфт, "дар марги Марадона на ӯ ва на табиби дигар гунаҳкор аст".
Ёдовар мешавем, Диего Марадона рӯзи 25 ноябри соли 2020 дар синни 60- солагӣ аз дунё гузашт.