https://sputnik.tj/20210521/isroil-falastin-otashbas-1039611527.html
Исроил ва Фаластин пас аз кушта шудани 244 нафар оташбас эълон карданд
Исроил ва Фаластин пас аз кушта шудани 244 нафар оташбас эълон карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ин ду кишвар аз соати 02:00 рӯзи ҷумъа барои оташбас ба мувофиқа расиданд
2021-05-21T11:58+0500
2021-05-21T11:58+0500
2021-05-21T13:40+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
оташбас
фаластин
исроил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039402580_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_ba93de9a36da50214c00c29c5148ec00.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Исроил ва Фаластин ташаббуси Миср дар бораи оташбаси дуҷонибаро бидуни ҳеҷ гуна шарт қабул карданд, менависад РИА Новости. Ҳамзамон, Исроил гуфт, ки ҳамкориҳоро бо Иёлоти Муттаҳида барои таҳкими субот дар минтақа идома хоҳад дод. Президенти Амрико, Ҷо Байден ваъда додааст, ки дар барқарорсозии системаи дифоъи зиддиҳавоии "Равоқи оҳанин", ки мутахассисони Амрикову Исроил таҳия кардаанд, кӯмак хоҳад кард. Инчунин маълум шуд, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ният дорад барои гуфтушунид ба Исроил ва Фаластин ташриф оварад. Зимнан, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз сулҳе, ки пас аз "11 рӯзи ҷангҳои хунин" ба даст омадааст, истиқбол кард. Гузашта аз ин, Президенти Русия Владимир Путин низ даъват кард, ки хушунати ҳарду ҷониб дар муноқишаи Фаластин ва Исроил хотима ёбад.Муноқиша байни Исроил ва Фаластин рӯзи 10 май авҷ гирифт. Ин ҳама пас аз он оғоз шуд, ки додгоҳи Исроил дар бораи ҳабси манзилҳои хонаводаҳои араб дар яке аз маҳаллаҳои Байтулмуқаддас қарор қабул кард. Пас аз он ошӯбҳо дар масҷиди Ал-Ақсо ба вуқӯъ пайваст ва сипас радикалҳои Ҳамос ба сӯи қаламрави давлати яҳудиён мушак партофтан гирифтанд. Исроил низ аз силоҳ истифода кардааст. Тибқи маълумоти охирин, шумораи кушташудагони фаластиниҳо дар Ғазза ба 232 нафар расида, 1900 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Исроил ҳадди аққал 12 нафар кушта шуданд.
https://sputnik.tj/20210518/putin-khushunat-jang-isroil-falastin-1039520982.html
фаластин
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039402580_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_751d1227ef29e1be9e6839700f00970a.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исроил, фаластин, оташбас
исроил, фаластин, оташбас
Исроил ва Фаластин пас аз кушта шудани 244 нафар оташбас эълон карданд
11:58 21.05.2021 (Навсозишуда: 13:40 21.05.2021) Оташбас миёни Исроил ва фаластиниҳо дар Навори Ғазза соати 02:00 рӯзи 21 май эълон гардид
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Исроил ва Фаластин ташаббуси Миср дар бораи оташбаси дуҷонибаро бидуни ҳеҷ гуна шарт қабул карданд, менависад РИА Новости.
Ҳамзамон, Исроил гуфт, ки ҳамкориҳоро бо Иёлоти Муттаҳида барои таҳкими субот дар минтақа идома хоҳад дод.
Президенти Амрико, Ҷо Байден ваъда додааст, ки дар барқарорсозии системаи дифоъи зиддиҳавоии "Равоқи оҳанин", ки мутахассисони Амрикову Исроил таҳия кардаанд, кӯмак хоҳад кард.
Инчунин маълум шуд, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ният дорад барои гуфтушунид ба Исроил ва Фаластин ташриф оварад.
Зимнан, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз сулҳе, ки пас аз "11 рӯзи ҷангҳои хунин" ба даст омадааст, истиқбол кард.
Гузашта аз ин, Президенти Русия Владимир Путин низ даъват кард, ки хушунати ҳарду ҷониб дар муноқишаи Фаластин ва Исроил хотима ёбад.
"Мо хотима бахшидани амалҳои хушунатомези ҳарду ҷонибро ҳатмӣ мешуморем" -таъкид карда буд Путин.
Муноқиша байни Исроил ва Фаластин рӯзи 10 май авҷ гирифт. Ин ҳама пас аз он оғоз шуд, ки додгоҳи Исроил дар бораи ҳабси манзилҳои хонаводаҳои араб дар яке аз маҳаллаҳои Байтулмуқаддас қарор қабул кард. Пас аз он ошӯбҳо дар масҷиди Ал-Ақсо ба вуқӯъ пайваст ва сипас радикалҳои Ҳамос ба сӯи қаламрави давлати яҳудиён мушак партофтан гирифтанд. Исроил низ аз силоҳ истифода кардааст.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи кушташудагони фаластиниҳо дар Ғазза ба 232 нафар расида, 1900 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Аз ҷониби Исроил ҳадди аққал 12 нафар кушта шуданд.