https://sputnik.tj/20210521/hujand-ravshan-boht--jom-kfo-1039606945.html
"Хуҷанд" бо ғалабаву "Равшан" бо бохт иштироки худро дар Ҷоми КФО хотима доданд
"Хуҷанд" бо ғалабаву "Равшан" бо бохт иштироки худро дар Ҷоми КФО хотима доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" бозии худро дар Ҷоми AFC-2021 бо пирӯзӣ ба анҷом расонд.
2021-05-21T10:14+0500
2021-05-21T10:14+0500
2021-05-21T14:37+0500
дар тоҷикистон
ффт
кфо
тими футболи "хуҷанд"
тими "равшан"
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/15/1039606292_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_36e19a5d501aad71fc1f4e42da357737.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Бошгоҳи "Хуҷанд" дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гуруҳи "F" дорандаи Ҷоми Қирғизистон "Алай"- и Ушро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ғалабаи хуҷандиёнро зарбаҳои дақиқи Дилшод Бозоров ва Абдулмӯъмин Забиров ба даст оварданд. Дар бозии дигар, дорандаи медали нуқраи Ӯзбекистон "Насаф" - и Қаршӣ дар се бозӣ се ғалаба ба даст оварда, барандаи гурӯҳи "F" -и Ҷоми AFC-2021 дар Душанбе гардид. Акнун, дар финали Минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021, "Насаф" бо “Аҳал” -и Туркманистон, ки дар гурӯҳи "E" дар Бишкек пешсаф буд, бозӣ мекунад.Ёдовар мешавем, қаблан "Хуҷанд" аз "Насаф" бо ҳисоби 3: 0 мағлуб шуда, бо "Олтин Асир" - и Туркманистон 2: 2 мусовӣ карда буд. Ҳамзамон "Равшан" -и Кӯлоб, ки дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гуруҳи "E" бозӣ мекард, аз "Дордой" (Қирғизистон) - 0: 3 мағлуб гашт. Қабл аз ин кӯлобиҳо аз "Аҳал" (Туркманистон) бо ҳисоби 1: 3 мағлуб шуда буданд.
https://sputnik.tj/20210519/zebo-nushofarin-shikast-bozi-1039542014.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/15/1039606292_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_2a83d95b2de0450be09270235f4335b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"хуҷанд", "равшан", бохт, ҷоми кфо,
"хуҷанд", "равшан", бохт, ҷоми кфо,
"Хуҷанд" бо ғалабаву "Равшан" бо бохт иштироки худро дар Ҷоми КФО хотима доданд
10:14 21.05.2021 (Навсозишуда: 14:37 21.05.2021) Ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" бозии худро дар Ҷоми AFC-2021 бо пирӯзӣ ба анҷом расонд
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Бошгоҳи "Хуҷанд" дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гуруҳи "F" дорандаи Ҷоми Қирғизистон "Алай"- и Ушро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ғалабаи хуҷандиёнро зарбаҳои дақиқи Дилшод Бозоров ва Абдулмӯъмин Забиров ба даст оварданд.
Дар бозии дигар, дорандаи медали нуқраи Ӯзбекистон "Насаф" - и Қаршӣ дар се бозӣ се ғалаба ба даст оварда, барандаи гурӯҳи "F" -и Ҷоми AFC-2021 дар Душанбе гардид.
Акнун, дар финали Минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021, "Насаф" бо “Аҳал” -и Туркманистон, ки дар гурӯҳи "E" дар Бишкек пешсаф буд, бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, қаблан "Хуҷанд" аз "Насаф" бо ҳисоби 3: 0 мағлуб шуда, бо "Олтин Асир" - и Туркманистон 2: 2 мусовӣ карда буд.
Ҳамзамон "Равшан" -и Кӯлоб, ки дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гуруҳи "E" бозӣ мекард, аз "Дордой" (Қирғизистон) - 0: 3 мағлуб гашт. Қабл аз ин кӯлобиҳо аз "Аҳал" (Туркманистон) бо ҳисоби 1: 3 мағлуб шуда буданд.