https://sputnik.tj/20210521/bobojoni-amonullo-dustdoron-ashori-loiq-maskav-konsert-1039643674.html
Бобоҷони Амонуллоҳ дӯстдорони ашъори Лоиқро дар Маскав ба консерт даъват кард
Бобоҷони Амонуллоҳ дӯстдорони ашъори Лоиқро дар Маскав ба консерт даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Овозхони тоҷик дар Маскав бахшида ба 80-солагии шоири шаҳири тоҷик консерт баргузор мекунад 21.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-21T18:04+0500
2021-05-21T18:04+0500
2021-05-21T19:04+0500
фарҳанг
лоиқ шералӣ
шеър
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102230/68/1022306865_0:269:2685:1779_1920x0_80_0_0_605536d2050d435bb72df714c268fb72.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Бобоҷони Амонулло, ҳунарманди тоҷик, ки феълан муқими Маскав аст, бахшида ба 80-солагии зодрӯзи шоири машҳури тоҷик Лоиқ Шералӣ консерт баргузор мекунад.Тавре ӯ мегӯяд, тасими гирифтааст, шоми 22 май ҳаводорони шеър ва сурудро дар консерташ сарҷамъ кунад.Ҳамин тавр, консерт дар шаҳри Маскав, шоми 22 май дар тарабхонаи "Самарқанд сити" баргузор мешавад."Дар ин шом бештарин таронаҳоямро аз эҷодиёти устод Лоиқ мехонам. Мехоҳам муҳоҷирони тоҷик лаҳзае ҳам бошад, аз мушкилиҳои ғарибӣ фориғ шаванд ва аз дунёи шеъру тарона баҳрамонд гарданд. Дар ин шом, хоҳишмандон метавонанд бо қироати ашъори шоири бузург рӯҳи шоирро шод кунанд", - мегӯяд вай.Таҷлили зодрӯзи Лоиқ ШералӣЛоиқ Шералиро яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷик меҳисобанд. Зодрӯзи шоир ҳамасола дар сартосари кишвар, мактабҳо, донишгоҳҳо, раёсатҳои фарҳанг ва доираҳои адабӣ таҷлил мегардад.Рӯзи 20 май дар Тоҷикистон 80-солагии шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералиро ҷашн гирифтанд. Тантанаҳои асосӣ бахшида ба ҷашн дар зодгоҳи шоир шаҳри Панҷакент баргузор шуд. Шоирону ҳунарманд дар қасри фарҳанге, ки дар шаҳр ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шудааст, маҳфиле баргузор карда, аз эҷодиёти Лоиқ шеър ва тарона хонаданд.Ҳамчунин мухлисони Лоиқ Шералӣ чун анъана ба мазори шоир, ки дар мавзеи Лучоби шаҳри Душанбе аст, рафтаву ба рӯҳи шоир дуо хонанд ва бо қироати ашъор арвоҳашро шод карданд.
https://sputnik.tj/20200922/Du-se-moi-bemor-va-insult-amsari-Loi-ba-didor-i-Loi-raft--1031939496.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102230/68/1022306865_0:17:2685:2030_1920x0_80_0_0_8290f775d29635b437f7a253206f2e38.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, лоиқ шералӣ, шеър, дар русия
фарҳанг, лоиқ шералӣ, шеър, дар русия
Бобоҷони Амонуллоҳ дӯстдорони ашъори Лоиқро дар Маскав ба консерт даъват кард
18:04 21.05.2021 (Навсозишуда: 19:04 21.05.2021) Овозхони тоҷик дар Маскав бахшида ба 80-солагии шоири шаҳири тоҷик консерт баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Бобоҷони Амонулло, ҳунарманди тоҷик, ки феълан муқими Маскав аст, бахшида ба 80-солагии зодрӯзи шоири машҳури тоҷик Лоиқ Шералӣ консерт баргузор мекунад.
Тавре ӯ мегӯяд, тасими гирифтааст, шоми 22 май ҳаводорони шеър ва сурудро дар консерташ сарҷамъ кунад.
Ҳамин тавр, консерт дар шаҳри Маскав, шоми 22 май дар тарабхонаи "Самарқанд сити" баргузор мешавад.
"Дар ин шом бештарин таронаҳоямро аз эҷодиёти устод Лоиқ мехонам. Мехоҳам муҳоҷирони тоҷик лаҳзае ҳам бошад, аз мушкилиҳои ғарибӣ фориғ шаванд ва аз дунёи шеъру тарона баҳрамонд гарданд. Дар ин шом, хоҳишмандон метавонанд бо қироати ашъори шоири бузург рӯҳи шоирро шод кунанд", - мегӯяд вай.
Таҷлили зодрӯзи Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералиро яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷик меҳисобанд. Зодрӯзи шоир ҳамасола дар сартосари кишвар, мактабҳо, донишгоҳҳо, раёсатҳои фарҳанг ва доираҳои адабӣ таҷлил мегардад.
Рӯзи 20 май дар Тоҷикистон 80-солагии шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералиро ҷашн гирифтанд. Тантанаҳои асосӣ бахшида ба ҷашн дар зодгоҳи шоир шаҳри Панҷакент баргузор шуд.
Шоирону ҳунарманд дар қасри фарҳанге, ки дар шаҳр ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шудааст, маҳфиле баргузор карда, аз эҷодиёти Лоиқ шеър ва тарона хонаданд.
Ҳамчунин мухлисони Лоиқ Шералӣ чун анъана ба мазори шоир, ки дар мавзеи Лучоби шаҳри Душанбе аст, рафтаву ба рӯҳи шоир дуо хонанд ва бо қироати ашъор арвоҳашро шод карданд.