https://sputnik.tj/20210520/rusiya-muhojiron-mahbuson-ivaz-1039577489.html
Дар Русия мехоҳанд муҳоҷирони меҳнатиро ба маҳбусон иваз кунанд
Дар Русия мехоҳанд муҳоҷирони меҳнатиро ба маҳбусон иваз кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо қайд кард, ки ин масъала бояд дар ҳар минтақаи Русия матраҳ карда шавад.
2021-05-20T12:08+0500
2021-05-20T12:08+0500
2021-08-10T14:40+0500
муҳоҷират
буду бош
маҳбусон
иваз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_b693c9894ad1b118681ebc9a05c57a99.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Русия пешниҳод шуд, ки маҳбусон дар он ҷойҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, фаъолтар истифода шаванд. Ин ташаббусро Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН) ба миён гузоштааст. Сардори шӯъба Александр Калашников қайд кард, ки чанде қабл президенти Русия Владимир Путин бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кард. Кишвардорон масъалаи муҳимро муҳокима карданд: чӣ гуна муҳоҷиронро ба сохтмонҳои Русия, ки нерӯи корӣ намерасад, бояд ҷалб кард? Ғайр аз ин, муҳоҷир маоши сазовор хоҳад гирифт. Роҳбари Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо қайд кард, ки ин масъала бояд дар ҳар минтақаи Русия матраҳ карда шавад. Дар кишвар, айни замон, 483 ҳазор маҳбусон ҳастанд. Аз ин шумор 188 ҳазор нафар ҳақ доранд бо дархости иваз кардани ҷазо бо меҳнати маҷбурӣ муроҷиат кунанд. Дар ҳамин ҳол, дар Федератсияи Русия мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии ғайриқонунӣ аз ИДМ вуҷуд дорад - мувофиқи маълумоти охирин, теъдоди онҳо зиёда аз 500 ҳазор нафар аст. Ёдрас мешавем, ки ҳукумати Русия пештар аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ даъват карда буд, то барои пайдо кардани ҳаққи кору зиндагӣ дар кишвар то 15 июн ба шуъбаҳои ВКД муроҷиат кунанд. Дар акси ҳол, онҳо аз ҳудуди Русия ихроҷ карда мешаванд.Ҳамчунин Вазорати умури дохилаи Русия гуфт, пас аз 15 июн шаҳрвандони хориҷие, ки бо сабаби маҳдудияти парвозҳо имкони ба ватани худ сафар карданро надоранд, метавонанд буду бошашонро тариқи муроҷиат ба шуъбаҳои ВКД, 90 рӯзи дигар тамдид кунанд.
https://sputnik.tj/20210520/muhojir-rusiya-muhlat-iqomat-tamdid-1039574825.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b89228a5ca280c2a4e35498c99ec68c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, хадамоти иҷрои ҷазо, русия
муҳоҷирон, хадамоти иҷрои ҷазо, русия
Дар Русия мехоҳанд муҳоҷирони меҳнатиро ба маҳбусон иваз кунанд
12:08 20.05.2021 (Навсозишуда: 14:40 10.08.2021) Роҳбари Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо қайд кард, ки ин масъала бояд дар ҳар минтақаи Русия матраҳ карда шавад.
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Русия пешниҳод шуд, ки маҳбусон дар он ҷойҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, фаъолтар истифода шаванд.
Ин ташаббусро Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН) ба миён гузоштааст.
Сардори шӯъба Александр Калашников қайд кард, ки чанде қабл президенти Русия Владимир Путин бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кард.
Кишвардорон масъалаи муҳимро муҳокима карданд: чӣ гуна муҳоҷиронро ба сохтмонҳои Русия, ки нерӯи корӣ намерасад, бояд ҷалб кард?
"Хуб, мо воқеан метавонем таъмин кунем. Ин Дирексияи генералии лагерҳои меҳнати маҷбурӣ нахоҳад буд, ин шароити комилан нави муносиб мешавад. Зеро ин шахс дар хобгоҳ ба сар хоҳад бурд ё манзилеро иҷора мегирад ё корфармо ба ӯ ва хонаводааш шароити зиндагӣ фароҳам меорад", - таъкид кард Калашников.
Ғайр аз ин, муҳоҷир маоши сазовор хоҳад гирифт.
Роҳбари Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо қайд кард, ки ин масъала бояд дар ҳар минтақаи Русия матраҳ карда шавад.
Дар кишвар, айни замон, 483 ҳазор маҳбусон ҳастанд. Аз ин шумор 188 ҳазор нафар ҳақ доранд бо дархости иваз кардани ҷазо бо меҳнати маҷбурӣ муроҷиат кунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Федератсияи Русия мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии ғайриқонунӣ аз ИДМ вуҷуд дорад - мувофиқи маълумоти охирин, теъдоди онҳо зиёда аз 500 ҳазор нафар аст.
Ёдрас мешавем, ки ҳукумати Русия пештар аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ даъват карда буд, то барои пайдо кардани ҳаққи кору зиндагӣ дар кишвар то 15 июн ба шуъбаҳои ВКД муроҷиат кунанд. Дар акси ҳол, онҳо аз ҳудуди Русия ихроҷ карда мешаванд.
Ҳамчунин Вазорати умури дохилаи Русия гуфт, пас аз 15 июн шаҳрвандони хориҷие, ки бо сабаби маҳдудияти парвозҳо имкони ба ватани худ сафар карданро надоранд, метавонанд буду бошашонро тариқи муроҷиат ба шуъбаҳои ВКД, 90 рӯзи дигар тамдид кунанд.