https://sputnik.tj/20210520/rusiya-mahdudiyat-shahrvandon-tojikistonro-sabuk-1039589739.html
Русия маҳдудиятҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сабук кард: ба онҳо иҷозаи вуруд дода шуд
Русия маҳдудиятҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сабук кард: ба онҳо иҷозаи вуруд дода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия маҳдудиятҳо барои вуруди хориҷиён ба кишварро коҳиш дод
2021-05-20T17:12+0500
2021-05-20T17:12+0500
2021-05-20T17:56+0500
вуруд
марз
шаҳрвандони хориҷӣ
дар русия
дар тоҷикистон
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101346/25/1013462597_0:359:1373:1131_1920x0_80_0_0_9fb298edf7e1f41cb77413020692aed4.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Русия маҳдудиятҳои убури марз барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро сабуктар кард. Фармони дахлдор, ки дар сайти расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, ба убури марзҳои заминии Русия дахл дорад. Санадро 18 майи соли равон роҳбари Ҳукумати Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.Ҳамин тариқ, рӯйхати шахсоне, ки дар Русия хешовандон доранд, ки барои вурудашон иҷозат дода мешавад, васеъ карда шуд.Акнун шаҳрвандони кишварҳои дигар метавонанд, марзро убур кунанд, агар дар Русия ҳамсар, волидон, фарзандон, хоҳарон, бобоҳо, бибиҳо, наберагон, волидайн, фарзандхондагон ва ё парастори шаҳрвандони Русия бошанд.Ёдовар мешавем, ки қаблан танҳо ҳамсарон, волидон, фарзандон, фарзандхондагон ва шаҳрвандони фарзандхондаи Федератсияи Русия метавонистанд, вориди ин кишвар шаванд. Ҳамин тариқ, тағйирот ба фармонҳои Ҳукумати Федератсияи Русия 635-р ва 763-р таъсир расонида, масъалаҳои вуруди хориҷиёнро ба Русия танзим карданд. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия дар пасманзари маҳдудиятҳои мавҷуда ва пандемияи COVID-19 қабул карда шуданд.Қобили зикр аст, ки ҳангоми убури сарҳади давлатӣ доштани нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешутаборӣ ё муқаррар намудани васоят (парасторӣ)ҳатмӣ аст.
https://sputnik.tj/20210403/Subhonzoda-parvoz-Rusiya-1033126700.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101346/25/1013462597_31:231:1231:1131_1920x0_80_0_0_1dc5ec18af3ed1203b9f9f69a212227e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, маҳдудият, шаҳрвандон, тоҷикистон, сабук,
русия, маҳдудият, шаҳрвандон, тоҷикистон, сабук,
Русия маҳдудиятҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сабук кард: ба онҳо иҷозаи вуруд дода шуд
17:12 20.05.2021 (Навсозишуда: 17:56 20.05.2021) Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия маҳдудиятҳо барои вуруди хориҷиён ба кишварро коҳиш дод
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Русия маҳдудиятҳои убури марз барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро сабуктар кард.
Фармони дахлдор, ки дар сайти расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, ба убури марзҳои заминии Русия дахл дорад.
Санадро 18 майи соли равон роҳбари Ҳукумати Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Ҳамин тариқ, рӯйхати шахсоне, ки дар Русия хешовандон доранд, ки барои вурудашон иҷозат дода мешавад, васеъ карда шуд.
Акнун шаҳрвандони кишварҳои дигар метавонанд, марзро убур кунанд, агар дар Русия ҳамсар, волидон, фарзандон, хоҳарон, бобоҳо, бибиҳо, наберагон, волидайн, фарзандхондагон ва ё парастори шаҳрвандони Русия бошанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан танҳо ҳамсарон, волидон, фарзандон, фарзандхондагон ва шаҳрвандони фарзандхондаи Федератсияи Русия метавонистанд, вориди ин кишвар шаванд.
Ҳамин тариқ, тағйирот ба фармонҳои Ҳукумати Федератсияи Русия 635-р ва 763-р таъсир расонида, масъалаҳои вуруди хориҷиёнро ба Русия танзим карданд. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия дар пасманзари маҳдудиятҳои мавҷуда ва пандемияи COVID-19 қабул карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми убури сарҳади давлатӣ доштани нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешутаборӣ ё муқаррар намудани васоят (парасторӣ)ҳатмӣ аст.