Нурмуҳаммадов вазири фарҳанг мешавад ё роҳбари Доғистон?

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЧемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
Вакили Думаи давлатӣ, Светлана Журова муқобили пешниҳоди Баста баромада гуфт, Ҳабиб бояд на вазири фарҳанг, балки роҳбари Доғистон шавад
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ, Светлана Журова муқобили пешниҳоди Баста баромада гуфт, Ҳабиб на вазири фарҳанг, балки роҳбари Доғистон шавад.
Светлана Журова собиқ қаҳрамони олимпӣ ва вакили феълии Думаи давлатӣ мегӯяд, Ҳабиб Нурмуҳаммадов комилан имкони роҳбари Ҷумҳурии Доғистон шуданро дорад, менависад Sport 24.
Пешниҳоди Журова ба пас аз он садо дод, ки рэпсаро Баста ба Ҳабиб мақоми вазири фарҳанги Доғистонро лоиқ дониста буд.
“Фикр мекунам, пешниҳод кардани вазифаи вазири фарҳанг ба Ҳабиб чандон дурус нест. Шояд Баста намедонад, ки дар Доғистон ба фарҳангу анъана зиёд арҷ мегузоранд ва ба интихоби мутахасиси ин соҳа серталаб ҳастанд. Равияи Ҳабиб тамоман дигар аст”, - афзудааст вакил.
Ба гуфтаи Журова, Ҳабиб мутахассис дар соҳа варзиш, идоракунӣ ва дин аст.
Илова бар ин, вакили қайд намудааст, ки Хабиб пешвои рӯҳонии ҷумҳурӣ аст ва “ӯҳдаи идора кардани ин минтақа ба хубӣ мебарояд”.
Қаблан, рэпсарои рус, Баста зимни як мусоҳиба ба қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов пешниҳод намуд, то вазири фарҳанги Доғистон шавад.
Баста аз он интиқод кард, ки Нурмуҳаммадов чандин консертҳои рэпсароёнро дар Доғистон лағв кард. Ва шояд пешниҳоди "муғризона" - и ӯ низ ба ҳамин хотир бошад.
Хабиб Нурмагомедов и Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Рамазон Қодиров: барои муҳориба бо размикори клуби Аҳмад ба Ҳабиб ҳар пуле хоҳад медиҳам
Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз марги падари худ як маротиба рӯи октагон баромад ва баъди пирӯзӣ эълон кард, ки куллан ин намуди варзишро тарк мекунад ва дигар вориди майдони набард намешавад.
Дақиқан, ду ҳафта қабл, роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба Ҳабиб пешниҳоди муҳориба бо яке аз варзишгарони клуби “Аҳмад” намуда буд.
Рамазон Қодиров изҳор намуд, ки барои ин сабқат чӣ миқдор маблағе, ки дили Ҳабиб мехоҳад, пешниҳод мекунад.
Худи собиқ размикори доғистонӣ ба ин пешниҳоди Қодиров посухе надодааст.
Лентаи хабарҳо
0