Мулоқоти ғайрирасмии Раҳмону Тоқаев дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии президент

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанНеформальная встреча Рахмона и Токаева
Неформальная встреча Рахмона и Токаева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
Дарҳол пас аз расидан ба Душанбе, Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз бӯстонсарои раисиҷумҳур дидан кард
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев тавонистанд дар муҳити ғайрирасмӣ дар ҳудуди минтақаи зебоманзари Варзоб муошират кунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Раҳмон Тоқаевро, ки шоми гузашта ба Душанбе омада буд, ба қароргоҳи ҳукуматие даъват кард, ки дар наздикии маркази пойтахт ҷойгир аст.
Сарони ду давлат атрофи бӯстонсароро тамошо намуда, дар шароити ғайрирасмӣ муошират карданд.
День города в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Тоҷикистону Қазоқистон тасмим доранд равобити тиҷориро ба сатҳи нав бароранд
Имрӯз бошад сарони ду кишвар дар Қасри Миллат гуфтушунид мекунанд.
Дар нимаи аввали рӯз музокироти Раҳмон ва Тоқаев дар форматҳои маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз он қабули як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст.
Маълум аст, ки барномаи сафари расмии Тоқаев, мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазири кишвар Коҳир Расулзодаро низ дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0