https://sputnik.tj/20210520/honavoda-navras-qodirov-shayton-uzr-navor-1039581212.html
Моро шарманда кард: хонаводаи наврасе, ки Қодировро “шайтон” гуфт, узрпурсӣ карданд -навор
Моро шарманда кард: хонаводаи наврасе, ки Қодировро “шайтон” гуфт, узрпурсӣ карданд -навор
Sputnik Тоҷикистон
Ин иттифоқ рӯзи 17 май, аснои тамоси Қодиров бо ҳамвандонаш дар пахши мустақими Instagram сурат гирифт. Яке аз корбарон ба Қодиров навишт, ки “ Ӯ на инсон, балки шайтон” аст.
2021-05-20T13:54+0500
2021-05-20T13:54+0500
2021-05-20T14:04+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
узр пурсид
чеченистон
ҷавон
рамазон қодиров
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/25/1030572500_0:0:2759:1552_1920x0_80_0_0_0166d279af7529d5397d0dd82b3dc866.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Шабакаи телевизиони Грозний хабар медиҳад, ки ин наврас зодаи Доғистон буда, ҳоло бо хонаводаи худ дар Чехов ба сар мебарад.Ин иттифоқ рӯзи 17 май, аснои тамоси Қодиров бо ҳамвандонаш дар пахши мустақими Instagram сурат гирифт. Яке аз корбарон ба Қодиров навишт, ки “ Ӯ на инсон, балки шайтон” аст.Ин навиштаро Қодиров бо овози баланд дар пахши мустақим хонд ва ба муаллиф таҳдид ҳам кард.Манбаъ меафзояд, дар пайи ин қазия, чанде пеш хонаводаи ҷавон дар як навор аз Рамазон Қодиров узрпурсӣ намудаанд.Дар идома, ӯ қайд намудааст, ки фарзандаш ӯро шарманда кард ва ваъда додааст, ҷиддан ба тарбияи ӯ мепардозад.Дар навори муроҷиатии ин мард фарзанди ӯ ҳам намудор аст, ки хомӯшона ҳарфҳои падарашро ҳиҷолатомез гӯш мекунад.Шабакаи телевизионӣ инчунин як видеои дигареро намоиш дод, ки дар он хешовандони писар, аз ҷумла бобояш, низ узр мехоҳанд ва итминон доданд, ки "писар гуноҳи худро дарк кард".
чеченистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/25/1030572500_24:0:2755:2048_1920x0_80_0_0_e42633b8ac112e042c17980b55459db8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон қодиров, чеченистон, ҷавон, узр
рамазон қодиров, чеченистон, ҷавон, узр
Моро шарманда кард: хонаводаи наврасе, ки Қодировро “шайтон” гуфт, узрпурсӣ карданд -навор
13:54 20.05.2021 (Навсозишуда: 14:04 20.05.2021) Корбаре, ки Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистонро дар Instagram “шайтон” гуфт, навраси 15 сола будааст
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Шабакаи телевизиони Грозний хабар медиҳад, ки ин наврас зодаи Доғистон буда, ҳоло бо хонаводаи худ дар Чехов ба сар мебарад.
Ин иттифоқ рӯзи 17 май, аснои тамоси Қодиров бо ҳамвандонаш дар пахши мустақими Instagram сурат гирифт. Яке аз корбарон ба Қодиров навишт, ки “ Ӯ на инсон, балки шайтон” аст.
Ин навиштаро Қодиров бо овози баланд дар пахши мустақим хонд ва ба муаллиф таҳдид ҳам кард.
Манбаъ меафзояд, дар пайи ин қазия, чанде пеш хонаводаи ҷавон дар як навор аз Рамазон Қодиров узрпурсӣ намудаанд.
"Ман барои тарбияи нодурусти писари 15-солаам, барои он ки ӯро сазовор тарбия карда натавонистам, маъзарат мехоҳам ... Писари ман Аҳмад Волкаев рӯзи 17 май ҳангоми пахши мустақим як изҳороти хеле таҳқиромез ва беэҳтиромона кард", - муроҷиат намудааст падари Волкаев ба Рамазон Қодиров.
Дар идома, ӯ қайд намудааст, ки фарзандаш ӯро шарманда кард ва ваъда додааст, ҷиддан ба тарбияи ӯ мепардозад.
Дар навори муроҷиатии ин мард фарзанди ӯ ҳам намудор аст, ки хомӯшона ҳарфҳои падарашро ҳиҷолатомез гӯш мекунад.
Шабакаи телевизионӣ инчунин як видеои дигареро намоиш дод, ки дар он хешовандони писар, аз ҷумла бобояш, низ узр мехоҳанд ва итминон доданд, ки "писар гуноҳи худро дарк кард".