Ҳамлаи малахҳо ба полезҳо дар Тоҷикистон

© REUTERS \ Baz RatnerНашествие саранчи в Кении
Нашествие саранчи в Кении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
Барои мубориза бо малах дар Тоҷикистон даҳҳо техника ва таҷҳизоти аэрозолӣ ҷалб карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Малахҳо дар Тоҷикистон босуръат паҳн мешаванд, хабар медиҳад "Авесто" дар истинод ба Вазорати кишоварзӣ
"Масоҳати умумии фарогирифтаи малахҳо дар ҷумҳурӣ аллакай ба 84 ҳазор метри мураббаъ расидааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Танҳо дар вилояти Хатлон майдони паҳншавии ҳашарот беш аз 55 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд, он дар масоҳати зиёда аз 16,4 ҳазор гектар пароканда шуда, дар минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ ин рақам 12,3 ҳазор гектарро ташкил додааст.
Саранча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2020
“Хатари табиии хориҷӣ”: ҳамлаи малах чӣ тавр ақиб зада шуд?
Камтар аз ҳама зараррасонҳо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаанд- 20 гектарро фаро гирифтаанд.
Вазорати кишоварзӣ таъкид кардааст, ки майдони 66,3 ҳазор гектар бо маҳлулҳо коркард шудаанд.
Мутахассисон бояд 17,6 ҳазор гектари дигарро дору кунанд.
Дар мубориза бо малах даҳҳо воҳиди таҷҳизоти махсус ва мошинҳои аэрозолӣ истифода мешаванд.
Тоҷикистон ва Ҷопон барои мубориза бо малах чораҳои фавқулодда андешанд Дар ҳамин ҳол, Вазорати кишоварзии кишвар то ҳол маълумоти дақиқ дар бораи ҳаҷми хисороти ҳамлаи малахро дар мавсими имсола пешниҳод накардааст.
Лентаи хабарҳо
0