https://sputnik.tj/20210519/tokaev-dushanbe-prezident-furudgoh-peshvoz-1039565746.html
Тоқаев озими Душанбе шуд, ӯро Президент дар фурудгоҳ пешвоз гирифт
Тоқаев озими Душанбе шуд, ӯро Президент дар фурудгоҳ пешвоз гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ба хотири пазироии меҳмони олимақом, майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.
2021-05-19T18:15+0500
2021-05-19T18:15+0500
2021-07-21T14:04+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
қазоқистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039566124_0:0:933:524_1920x0_80_0_0_62465c8177427dd0f48029f5a5888d62.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 19 май, кишвардори Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев озими Душанбе шуд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Қазоқистонро дар фурудгоҳи Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.Гуфта мешавад, ба хотири пазироии меҳмони олимақом, майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Қазоқистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.Бояд зикр намуд, ки Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни сафар мулоқотҳои сарони ду давлат дар шакли маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210517/tojikistonu-qazoqiston-ravobiti-tijori-1039505367.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039566124_70:0:769:524_1920x0_80_0_0_f112acb47208b7d2f4ea1c7cade762b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, сафар, қосим ҷомарт тоқаев, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, қазоқистон, сафар, қосим ҷомарт тоқаев, эмомалӣ раҳмон
Тоқаев озими Душанбе шуд, ӯро Президент дар фурудгоҳ пешвоз гирифт
18:15 19.05.2021 (Навсозишуда: 14:04 21.07.2021) Қосим Ҷомарт Тоқаевро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифт
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 19 май, кишвардори Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев озими Душанбе шуд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Қазоқистонро дар фурудгоҳи Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.
Гуфта мешавад, ба хотири пазироии меҳмони олимақом, майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.
Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.
Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Қазоқистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Бояд зикр намуд, ки Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни сафар мулоқотҳои сарони ду давлат дар шакли маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст.