https://sputnik.tj/20210519/rusiya-tojikiston-navsozi-neru-kemak-1039543517.html
Русия ба Тоҷикистон дар навсозии артиш кумак хоҳад кард
Русия ба Тоҷикистон дар навсозии артиш кумак хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Ин тасмими ҷонибҳо оид ба навсозии артиш дар пасманзари ташдиди вазъ дар афғонистон сурат хоҳад гирифт
2021-05-19T10:34+0500
2021-05-19T10:34+0500
2021-05-19T12:47+0500
дар тоҷикистон
артиш
навсозӣ
дар русия
амният ва мудофиа
афғонистон
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032433275_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_6e75f6d96b3a637e8287b8d4d6f73ff7.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Вазирони корҳои хориҷӣ иҷрои созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникиро баррасӣ карданд, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як нишасти матбуотӣ. Лавров қайд кард, ки ин бо назардошти он ки таҳдидҳо ба амнияти умумӣ, пеш аз ҳама, дар шароити вазъият дар Афғонистон дар партави эълони хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО боқӣ мондаанд, муҳим аст."Мо аз фаъол шудани ҷангиёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигарон ҳастем, омодаем ва дар амал татбиқ хоҳем кард - ба Душанбе дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонуии маводи мухаддир ҳама кӯмакҳои заруриро расонем", - гуфт вазири корҳои хориҷии Русия.Мавзӯи амният дар минтақа ба яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар мулоқоти вазирон табдил ёфт: онҳо инчунин масоили машқҳои муштарак ва бунёди посгоҳ дар марзи Афғонистонро баррасӣ карданд.Илова бар масъалаҳои амниятӣ, Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин масъалаҳои тандурустӣ, робитаи ҳавоӣ, иқтисод ва сиёсатро низ баррасӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад. Вай дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД иштирок мекунад.
https://sputnik.tj/20210519/rusiya-tojikiston-afghoniston-postgoh-marzi-mesozad-1039544158.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032433275_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_64fce79c00afd5c64cd942b54ca45172.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, артиш, навсозӣ, кумак
русия, тоҷикистон, артиш, навсозӣ, кумак
Русия ба Тоҷикистон дар навсозии артиш кумак хоҳад кард
10:34 19.05.2021 (Навсозишуда: 12:47 19.05.2021) Ин масъала бо назардошти таҳдид ба амнияти умумӣ, пеш аз ҳама, дар шароити вазъият дар Афғонистон дар партави эълони хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО боқӣ мондаанд, муҳим аст.
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Вазирони корҳои хориҷӣ иҷрои созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникиро баррасӣ карданд, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як нишасти матбуотӣ.
"Мо кумаки Федератсияи Русияро дар мусоидат барои навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муҳокима кардем, розӣ шудем, ки минбаъд низ нақшаҳои пешбинишударо пурра иҷро кунем", - гуфт роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Сергей Лавров
Раҳбари ВКХ ФР
Лавров қайд кард, ки ин бо назардошти он ки таҳдидҳо ба амнияти умумӣ, пеш аз ҳама, дар шароити вазъият дар Афғонистон дар партави эълони хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО боқӣ мондаанд, муҳим аст.
"Мо аз фаъол шудани ҷангиёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигарон ҳастем, омодаем ва дар амал татбиқ хоҳем кард - ба Душанбе дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонуии маводи мухаддир ҳама кӯмакҳои заруриро расонем", - гуфт вазири корҳои хориҷии Русия.
Мавзӯи амният дар минтақа ба яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар мулоқоти вазирон табдил ёфт: онҳо инчунин масоили машқҳои муштарак ва бунёди посгоҳ дар марзи Афғонистонро баррасӣ карданд.
Илова бар масъалаҳои амниятӣ, Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин масъалаҳои тандурустӣ, робитаи ҳавоӣ, иқтисод ва сиёсатро низ баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад. Вай дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД иштирок мекунад.