https://sputnik.tj/20210519/jangi-yak-ba-yak-zerkuni-mersedes-1039570709.html
Ҷанги як ба як бо зеркунӣ тавассути "Мерседес" анҷомид: навори камераҳои назоратӣ
Ҷанги як ба як бо зеркунӣ тавассути "Мерседес" анҷомид: навори камераҳои назоратӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз муноқиша дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст, ки аз муҳоҷрибаи тан ба тан оғоз шуда, бо зеркунии рақиб тавассути “Мерседес” анҷомидааст
2021-05-19T20:26+0500
2021-05-19T20:26+0500
2021-05-19T20:59+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хуҷанд
муноқиша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102800/52/1028005244_0:29:2930:1677_1920x0_80_0_0_0e1ab65216118f7744524a4653a7f711.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса аз он оғоз шудааст, ки дар кӯчаи Ҷалолиддини Румии шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Баҳром Мирбобоеви 37-сола ва Далер Ҳасанови 25-сола занозанӣ кардаанд. Манбаъ сабаби занозаниро "баҳсу номуросоӣ" гуфтааст, ки дар лаҳзаҳои аввал бо мусоидати сокинони маҳалла ва роҳгузарон ором карда мешавад. ВУД мегӯяд, баъдан шаҳрванд Назир Ҳасанов аз муноқиша огоҳӣ ёфта, ба ҷои ҳодиса назди ҷиянаш Далер Ҳасанов меояд ва якҷоя барои гуфтугӯ ба назди хонаи Мирбобоев мераванд. Таъкид шудааст, ки дар натиҷа Назир Ҳасанов зарари миёна ба саломатӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Ба иттилои ВУД, алайҳи Баҳром Мирбобоев ва Далер Ҳасанов барои авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, муттаҳамон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Назари бевоситаи иштирокдорони ҳодиса дар бораи ин қазия маълум нест.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102800/52/1028005244_327:0:2603:1707_1920x0_80_0_0_9663e89975512cb90b3bf4fe559472da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷанг, муноқиша, як ба як, зеркунӣ бо мерседес
ҷанг, муноқиша, як ба як, зеркунӣ бо мерседес
Ҷанги як ба як бо зеркунӣ тавассути "Мерседес" анҷомид: навори камераҳои назоратӣ
20:26 19.05.2021 (Навсозишуда: 20:59 19.05.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз муноқиша дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст, ки аз муҳорибаи тан ба тан оғоз шуда, бо зеркунии рақиб тавассути "Мерседес" анҷомидааст
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса аз он оғоз шудааст, ки дар кӯчаи Ҷалолиддини Румии шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Баҳром Мирбобоеви 37-сола ва Далер Ҳасанови 25-сола занозанӣ кардаанд.
Манбаъ сабаби занозаниро "баҳсу номуросоӣ" гуфтааст, ки дар лаҳзаҳои аввал бо мусоидати сокинони маҳалла ва роҳгузарон ором карда мешавад.
ВУД мегӯяд, баъдан шаҳрванд Назир Ҳасанов аз муноқиша огоҳӣ ёфта, ба ҷои ҳодиса назди ҷиянаш Далер Ҳасанов меояд ва якҷоя барои гуфтугӯ ба назди хонаи Мирбобоев мераванд.
“Дар натиҷа муноқиша шиддат гирифта, Баҳром Мирбобоев сабукрави “Мерседес”-ашро ба сӯи Назир Ҳасанов ронда, зер мекунад. Мирбобоев вақте Ҳасановро аз пой меафтонад, мошинро боз ба қафо ронда, аз болои баданаш мегузарад”, - гузориш додааст ВУД бо такя ба навори камераҳои мушоҳидавӣ.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷа Назир Ҳасанов зарари миёна ба саломатӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ба иттилои ВУД, алайҳи Баҳром Мирбобоев ва Далер Ҳасанов барои авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, муттаҳамон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Назари бевоситаи иштирокдорони ҳодиса дар бораи ин қазия маълум нест.