Тӯфони шадид дар Ҳинд: 12 нафар ҳалок ва 127 нафар бенишон шуданд

© Pixabay / Море
Море - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Тӯфони шадид дар иёлати Гуҷароти Ҳинд дастикам 12 нафарро кушт ва ҳамзамон 127 нафар беному нишон гардиданд
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Ин гирдбод дар масири соҳилҳои ғарбии Ҳинд ҳаракат мекунад ва то кунун аз кушта шудани 12 нафар гузориш расидааст. Беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандон хонаҳои худро раҳо кардаву аз макони ҳодиса рӯ ба фирор овардаанд.
Дар ҳамин ҳол неруи баҳрии ҷангии ин кишвар се киштиро барои наҷоти ғарқшудагон эъзом кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин афрод дар бандарҳо дар оғӯши тӯфони шадид мондаанд, вале аз чигунагии ҳоли онҳо хабари дақиқ нест.
Тӯфони шадид замоне оғоз шудааст, ки кишвар бо сирояти бесобиқаи вируси корона дасту панҷа нарм мекунад.
Субҳи имрӯз, сешанбе идораи ҳавошиносии Ҳинд аз тариқи Твиттер эълон кард, ки ин тӯфон беш аз пеш заъиф шудааст ва се соати оянда суръати ҳаракати он боз ҳам коҳиш меёбад.
Тибқи хабарҳои дигар хонаҳои зиёде сари роҳи тӯфон хароб шудаанд ва давлати Ҳинд то кунун иттилои дақиқе аз ин харобиҳо ироа накардааст.
Масъулон ба хотири таъмини амнияту бехатарӣ дар баъзе минтақаҳо қувваи барқро қатъ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0