Ду тими Тоҷикистон аз ҳаққи мубориза барои Ҷоми КФО - 2021 маҳрум шуданд

© Федератсияи футболи ТоҷикистонБозигарони тими "Хуҷанд" ҳангоми тамрин
Бозигарони тими Хуҷанд ҳангоми тамрин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, ду тими кишвар имконияти аз гурӯҳҳои худ баромаданро аз даст дода, аз идомаи мубориза барои Ҷоми КФО-2021 маҳрум шуданд
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон – барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷумҳурӣ дар соли 2020, тими Хуҷанд ва ғолиби Ҷоми ҷумҳурӣ -2020, дастаи “Равшан” аз ҳаққи мубориза барои Ҷоми КФО-2021 маҳрум шуданд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ дар гурӯҳи “F” “Хуҷанд” аз “Насаф”-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид. Ин бозӣ 17 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар бозии дигари гурӯҳ “Олтин Асир”-и Туркманистон бар тими “Олой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.
Шаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Шаҳриёр Даминов дар Русия барои роҳхати олимпӣ талош мекунад
Дар гурӯҳи “Е” дар Бишкек “Аҳал”-и Туркманистон “Дордой”-и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ҳамин тариқ, новобаста ба натиҷаи бозиҳои даври сеюм, дар гурӯҳи “Е” дастаи “Аҳал” бо 6 хол ғолиб шуд. Дар гурӯҳи “F” “Насаф” бо 6 хол, “Отин Асир” бо 4 хол дар ҷойҳои якуму дуюм мавқеъ доранд ва барои ғолиби гурӯҳ шудан дар даври сеюм вомехуранд.
Бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ 20-уми май баргузор мешавад. Дар Душанбе “Хуҷанд” бо “Олой”, дар Бишкек “Равшан” бо “Дордой” бозӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0