https://sputnik.tj/20210518/sergey-lavrov-dushanbe-1039535031.html
Сергей Лавров озими Душанбе шуд
Сергей Лавров озими Душанбе шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СААД ширкат хоҳад кард 18.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-18T20:02+0500
2021-05-18T20:02+0500
2021-05-18T20:02+0500
дар тоҷикистон
душанбе
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032770245_0:0:3027:1702_1920x0_80_0_0_b26e3494a090b3a560b23088ae6b695f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе парвоз кард. Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок мекунад. Ҷаласа рӯзи 19 май дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад. Дар ин нишаст инчунин дабири кулли СААД Станислав Зас, вазирони умури хориҷаи Қирғизистон, Қазоқистон ва Белорус ширкат меварзанд.Гуфта мешавад, вазирони хориҷаи узви кишварҳои СААД ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви Созмон баррасӣ мекунанд.Инчунин Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии имзои Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД баррасӣ хоҳанд шуд.Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд.Ба ин созмон Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон шомил мебошанд.
https://sputnik.tj/20210518/raisoni-parlumon-saad-dushanbe-1039524440.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032770245_29:0:2760:2048_1920x0_80_0_0_3bb4db9cab791d93010541c346cb7dd9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, сергей лавров
дар тоҷикистон, душанбе, сергей лавров
Сергей Лавров озими Душанбе шуд
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СААД ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе парвоз кард.
Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок мекунад.
Ҷаласа рӯзи 19 май дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад.
Дар ин нишаст инчунин дабири кулли СААД Станислав Зас, вазирони умури хориҷаи Қирғизистон, Қазоқистон ва Белорус ширкат меварзанд.
Гуфта мешавад, вазирони хориҷаи узви кишварҳои СААД ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви Созмон баррасӣ мекунанд.
Инчунин Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии имзои Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД баррасӣ хоҳанд шуд.
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд.
Ба ин созмон Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон шомил мебошанд.