Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Навори комили даври нимниҳоии Евровидение - 2021

Обуна шудан
Дар даври нимниҳоии Евровидение - 2021 16 ҳунарманд, аз ҷумла намояндаи Русия Манижа бо суруди Russian Woman баромад мекунад
Евровидение - 2021 дар Роттердам баргузор мешавад. Нидерландия ҳаққи баргузор кардани 65 - умин мусобиқаи мазкурро пас аз он ба даст овард, ки намояндаи ин давлат Дункан Лоуренс дар соли 2019 бо суруди Arcade ғолиби Евровидение гардид.
Соли гузашта бинобар пандемия баргузории Евровидение мамнӯъ карда шуд. Имсол бошад, ташкилкунандагони мусобиқаи мазкур тасмим гирифтанд, ки анъанаи баргузории мусобиқаи мазкурро идома диҳанд.
Ин мусобиқа миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад. Аз ҳар як давлат танҳо як намоянда ва ё як гурӯҳ интихоб мешавад дар мусобиқа давлати худро намояндагӣ мекунад. Бар тибқи маълумоти расмӣ, давомнокии суруди ҳар иштироккунанда набояд аз се дақиқа тӯлонитар садо диҳад.
Манижа дар Маскав "Дурахши сол" эътироф шуд ва тӯҳфаи ғайриинтизор гирифт
Имсол муҷриёни Евровидение - 2021 ҳунарманд Шантал Янзен,овозхон Ян Смит, иштирокчии солҳои 1998 ва 2007 Эдсилия Ромбли ва Блогер Никки де Ягер ҳастанд.
Дар даври нимниҳоӣ итирокчиён аз 16 давлат баромада ҳунарнамоӣ мекунанд: аз Русияро Манижа бо суруди Russian Woman, аз Литва - The Roop (Discoteque), Словения - Ана Соклич (Amen), аз Шветсия - Tusse (Voices), аз Австралии - Montaigne (Technicolour), Македонияи Шимолӣ - Vasil (Here I Stand), Ирландия - Лесли Рой (Maps), Кипр - Элена Цагрину (El Diablo), аз Норвегия - TIX (Fallen Angel), аз Хорватия - Albina (Tick-Tock), аз Белгия - Hooverphonic (The Wrong Place), аз Исроил - Эден Алене (Set Me Free), аз Руминия Roxen (Amnesia), аз Озарбойҷон - Самира Эфенди (Mata Hari), аз Украина - Go_A (Шум) , аз Малта - Дестини Чукуньере (Je Me Casse).
"Ман зебо ҳастам": мусоҳибаи Манижа бо созмондиҳандагони Евровидение
Пас аз баромадади ҳунармандон, овоздиҳӣ сурат мегирад. Дар овоздиҳӣ ҳам доварони ҳирфаӣ ва ҳам тамошобинон иштирок мекунанд. Ба даври ниҳоиӣ Евровидение - 2021 танҳо 10 нафар роҳ меёбанд.
Даври дуюм бояд рӯзи 20 май сурат мегирад. Дар ин давра 17 иштирокчӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Номи ғолиби Евровидение - 2021 рӯзи 22 май маълум хоҳад шуд. Мусобиқаи соли оянд, дар кишваре баргузор мешавад, ки намояндаи он ғолиби мусобиқа эълон шавад.
Лентаи хабарҳо
0