https://sputnik.tj/20210518/hisorot-borishot-hisor-hisob-bartaraf-1039521769.html
Хисороти боришот дар Ҳисор ҳисобу бартараф мешавад
Хисороти боришот дар Ҳисор ҳисобу бартараф мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Ҳисор мегӯяд, дар боришоти шадиди ҳафтаи гузашта дар маҷмуъ 32 манзили сокинон осеб дид
2021-05-18T14:02+0500
2021-05-18T14:02+0500
2021-05-18T14:09+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хисорот
семент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039393971_81:0:1181:619_1920x0_80_0_0_4bde22279a418c68e3cfa2f952706f26.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Сокинони деҳоти Шарора, Ҳисор ва Дурбати шаҳри Ҳисор дар натиҷаи офати табиӣ ахир, аз ҷумла боришоту обхезӣ хисорот диданд.Тибқи маълумоти пешакӣ, баробари сар задани обхезӣ дар деҳаҳои Ганҷрез, Саричашма ва Сайёди деҳоти Шарора ва Ҳисор 32 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 7 хона пурра садамавӣ гардида, ҳамчунин, иншооти ёрирасону заминҳои наздиҳавлигии сокинон осеб диданд. “Барои тозаю поккорӣ намудани хонаҳои истиқоматии сокинони офатзада аз лойу гил кормандони муассисаю идораҳои давлатии маҳаллӣ, донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳр ихтиёран ба кумак омаданд”, - хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият” аз қавли сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Ҳисор, Ширин Давлатов.Манбаъ аз қавли ҳукумати шаҳр афзуд, ба ҳар оилае, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дида, имкони зиндагӣ дар онҳо намондааст, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 10 ҳазор дона хишт, 10 тонна семент ва 2 куб тахта ёрӣ расонида мешавад. “Мутасаддиёни корхонаю ташкилоти давлатӣ, ашхоси саховатпеша ва соҳибкорони бонангу ори маҳаллӣ низ ваъда кардаанд, ки дар таъмини ҷиҳози хона ва ашёи рӯзгор ба зарардидагон саҳм мегузоранд”, - иттилоъ додаанд масъулини ҳукумати Ҳисор. Маврид ба зикр аст, ки боришоти шадид рӯзи 11 май як сокини ҷавони Ҳисор ба ҳалокат расид. Аз марҳум сокини деҳаи Ҳалқадашти деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, Ҳоҷаев Қурбоналӣ Рустамович, соли таваллудаш 1995 ном бурда мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар деҳа зери обу гил монда, ба ҳалокат расидааст.
https://sputnik.tj/20210518/tojikobod-lahsh-sangvor-rasht-nurobod-kulob-korvoni-kumak-1039511861.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039393971_218:0:1043:619_1920x0_80_0_0_ce41e34accb51bb2e043fc330c3b37a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хисорот, боришот, сел
Хисороти боришот дар Ҳисор ҳисобу бартараф мешавад
14:02 18.05.2021 (Навсозишуда: 14:09 18.05.2021) Идораи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Ҳисор мегӯяд, дар боришоти шадиди ҳафтаи гузашта дар маҷмуъ 32 манзили сокинон осеб дид
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Сокинони деҳоти Шарора, Ҳисор ва Дурбати шаҳри Ҳисор дар натиҷаи офати табиӣ ахир, аз ҷумла боришоту обхезӣ хисорот диданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, баробари сар задани обхезӣ дар деҳаҳои Ганҷрез, Саричашма ва Сайёди деҳоти Шарора ва Ҳисор 32 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 7 хона пурра садамавӣ гардида, ҳамчунин, иншооти ёрирасону заминҳои наздиҳавлигии сокинон осеб диданд.
“Барои тозаю поккорӣ намудани хонаҳои истиқоматии сокинони офатзада аз лойу гил кормандони муассисаю идораҳои давлатии маҳаллӣ, донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳр ихтиёран ба кумак омаданд”, - хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият” аз қавли сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Ҳисор, Ширин Давлатов.
Манбаъ аз қавли ҳукумати шаҳр афзуд, ба ҳар оилае, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дида, имкони зиндагӣ дар онҳо намондааст, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 10 ҳазор дона хишт, 10 тонна семент ва 2 куб тахта ёрӣ расонида мешавад.
“Мутасаддиёни корхонаю ташкилоти давлатӣ, ашхоси саховатпеша ва соҳибкорони бонангу ори маҳаллӣ низ ваъда кардаанд, ки дар таъмини ҷиҳози хона ва ашёи рӯзгор ба зарардидагон саҳм мегузоранд”, - иттилоъ додаанд масъулини ҳукумати Ҳисор.
Маврид ба зикр аст, ки боришоти шадид рӯзи 11 май як сокини ҷавони Ҳисор ба ҳалокат расид. Аз марҳум сокини деҳаи Ҳалқадашти деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, Ҳоҷаев Қурбоналӣ Рустамович, соли таваллудаш 1995 ном бурда мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар деҳа зери обу гил монда, ба ҳалокат расидааст.