https://sputnik.tj/20210518/bozdoshti-ronanda-javon-koks-haykuni-1039528618.html
Боздошти ронандаи ҷавон барои "кокс" ва ҳайкунӣ бо суръати баланд - видео
Боздошти ронандаи ҷавон барои "кокс" ва ҳайкунӣ бо суръати баланд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати умури дохилии Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар додааст, ки бо истилоҳ мошинро кокс дода бо суръати баланд ҳай кардааст
2021-05-18T17:29+0500
2021-05-18T17:29+0500
2021-05-18T17:36+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
қонуншиканӣ
суръат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102067/63/1020676346_72:0:2938:1612_1920x0_80_0_0_a77eb6cf4d9c6534ba4bd5d5fd646253.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Идораи пулиси Душанбе гуфт, як сокини пойтахт навори қоидавайронкунии як ронандаро сабт ва ба мақомот ирсол намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар навор дида мешавад, ки ронандаи автомашинаи “Мерседес Бенс” қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, автомашинаи худро бо суръати баланду садои гӯшхарош якбора ҳай кардааст. Таъкид мешавад, ки ҳодиса дар наздикии бозори “Султони Кабир” рух дода, ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, бо ин кирдораш ҳаёту саломатии дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳро зери хатар гузоштааст. Маъмурини милиса дар натиҷаи санҷиш муайян кардаанд, ки ронандаи автомашинаи зикргардида шаҳрванд, Холов Улуғбек, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе мебошад. “Зимни пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат зимни ҳаракат дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори Султони Кабир автомашинаи худро бо суръати баланду садои гушхарош яку якбора аз ҷои ист ба ҳаракат дароварда, хилофи Коидаҳои ҳаракати роҳ ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, ин ҳолатро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст”, - омадааст дар иттилоия. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Холов Улуғбекро барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтааст. Раёсати умури дохилии Душанбе аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар мошинҳояшон дастгоҳҳои иловагии садобаландкунандаро насб накунанд, ки ин амал хилофи қоида буда, боиси нороҳатии шаҳрвандон мегардад. Инчунин аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки чунин ҳолатҳоро наворбардорӣ кунанду барои чораандешӣ ба мақомоти милиса ирсол намоянд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102067/63/1020676346_430:0:2579:1612_1920x0_80_0_0_9df3604268bdabcbcf9cc41e12fc1cd6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
милиса, боздошт, ҳайкунӣ, суръат
милиса, боздошт, ҳайкунӣ, суръат
Боздошти ронандаи ҷавон барои "кокс" ва ҳайкунӣ бо суръати баланд - видео
17:29 18.05.2021 (Навсозишуда: 17:36 18.05.2021) Раёсати умури дохилии Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар додааст, ки бо истилоҳ мошинро "кокс" дода бо суръати баланд ҳай кардааст
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Идораи пулиси Душанбе гуфт, як сокини пойтахт навори қоидавайронкунии як ронандаро сабт ва ба мақомот ирсол намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар навор дида мешавад, ки ронандаи автомашинаи “Мерседес Бенс” қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, автомашинаи худро бо суръати баланду садои гӯшхарош якбора ҳай кардааст.
Таъкид мешавад, ки ҳодиса дар наздикии бозори “Султони Кабир” рух дода, ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, бо ин кирдораш ҳаёту саломатии дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳро зери хатар гузоштааст.
Маъмурини милиса дар натиҷаи санҷиш муайян кардаанд, ки ронандаи автомашинаи зикргардида шаҳрванд, Холов Улуғбек, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе мебошад.
“Зимни пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат зимни ҳаракат дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори Султони Кабир автомашинаи худро бо суръати баланду садои гушхарош яку якбора аз ҷои ист ба ҳаракат дароварда, хилофи Коидаҳои ҳаракати роҳ ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, ин ҳолатро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Холов Улуғбекро барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтааст.
Раёсати умури дохилии Душанбе аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар мошинҳояшон дастгоҳҳои иловагии садобаландкунандаро насб накунанд, ки ин амал хилофи қоида буда, боиси нороҳатии шаҳрвандон мегардад. Инчунин аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки чунин ҳолатҳоро наворбардорӣ кунанду барои чораандешӣ ба мақомоти милиса ирсол намоянд.