Депорти сисола аз Русия барои ширкат дар ҷанги шаҳрвандӣ: дурӯғ ҳангоми шаҳрвандигирӣ

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМеры безопасности в московском метро
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон дар пешниҳоди маълумоти бардурӯғ муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Мақомоти амниятии Русия дар Ёқутистон як шаҳрванди Тоҷикистонро барои 30 сол аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти амниятии Русия дар ин минтақа хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, сабаби ихроҷи тӯлонии шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар, пешниҳоди маълумоти бардурӯғ барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар унвон шудааст.
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Пешсафии тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия: 64 ҳазор дар як сол
Ба иттилои манбаъ, кормандони Хадамоти амниятии Русия дар Ҷумҳурии Саха ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардеро муайян карданд, ки ба Хадамоти муҳоҷират дидаву дониста дар бораи худаш ҳангоми муроҷиат дар бораи қабули шаҳрвандии Федератсияи Русия маълумоти бардурӯғ додааст.
"Муқаррар карда шуд, ки шахси зикршуда дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар амалиёти ҷангӣ аз ҷониби фундаменталистҳои исломӣ иштирок кардааст. Гурӯҳи мусаллаҳро хеши ӯ, ки сохтори террористӣ ташкил карда буд, сарварӣ мекард", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, бо мақсади пинҳон кардани шахсияти худ ва инчунин аз тарси ба ҷавобгарӣ кашидан дар Тоҷикистон, ихроҷшуда бо додани маблағ шиносномаи миллии худро бо маълумоти нави шахсияташ иваз кардааст.
Манбаъ шахсияти ин шаҳрванди Тоҷикистонро пурра ошкор накарда, танҳо гуфтааст 47 сол дорад.
Лентаи хабарҳо
0