Ҷанозаи ҳунарпеша Назирмад Мӯсоев дар шаҳри Душанбе - навор

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе маросими видоъ бо Назирмад Мӯсоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик шаби гузашта дар синни 70 – солагӣ дар шаҳри Душанбе дунёро падрӯд гуфт. Маросими видоъ бо марҳум пеш аз зуҳри имрӯз дар пойтахт дар назар аст.
Дар ин бора ҳамкорони Мӯсоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, ба наздиконаш сабри ҷамил хостаанд. Сабаби марг бемории қалб гуфта мешавад, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.
Мӯсоев дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият карда, дар филму намоишномаҳо ҳунарнамоӣ кардааст.
Ӯ солҳои охир аз ҷумла дар намоишномаҳои “Коргардон”, “Тарма”, филмҳои “Захми носур”, “Қатора” ва ғайра ҳунарнамоӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0