https://sputnik.tj/20210516/ishtirok-dar-davi-milli-dushanbe-1039485323.html
Иштироки беш аз 43 ҳазор нафар дар Дави миллӣ дар Душанбе
Иштироки беш аз 43 ҳазор нафар дар Дави миллӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 43 ҳазор нафар баргузор гардид
2021-05-16T19:38+0500
2021-05-16T19:38+0500
2021-05-16T19:38+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ғолиб
дав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/10/1039485117_0:80:850:558_1920x0_80_0_0_aea6f0a890be9e5986f222a535faa55d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, сол ба сол иштирокчиёни дави миллӣ, ки аз соли 2007 инҷониб якшанбеи сеюми моҳи май баргузор мешавад, майли афзоиш дорад. Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар Дави миллии имсола дар пойтахт зиёда аз 43 ҳазор нафар иштирок доштанд, ки беш аз 16 ҳазор нафарашон бонувон будаанд. Дави миллӣ аз назди собиқ дидбонгоҳи Чорбоғ шурӯъ шуда, дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.Манбаъ афзуд, ки иштирокдорон намояндагони касбу кори гуногун, доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ буданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва масъулини дигар дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, зикр намудаанд, ки Дави миллӣ бо ташаббуси раисиҷумҳури Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад. "Бояд зикр кард, ки ҳамасола бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар саросари мамлакат Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.Ҳукумати Душанбе афзуд, ба иштирокдорони фаъоли Дави миллӣ аз ҷониби намояндагони шаҳрдорӣ ифтихорномаву дипломҳо тақдим карда шуд.
https://sputnik.tj/20210516/rais-viloyat-obrasonu-omuzgor-hujand---aksho-1039482118.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/10/1039485117_1:0:850:637_1920x0_80_0_0_b283d3812c775f7b90ce54569f2254ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иштирок, дави миллӣ, душанбе
иштирок, дави миллӣ, душанбе
Иштироки беш аз 43 ҳазор нафар дар Дави миллӣ дар Душанбе
Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 43 ҳазор нафар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, сол ба сол иштирокчиёни дави миллӣ, ки аз соли 2007 инҷониб якшанбеи сеюми моҳи май баргузор мешавад, майли афзоиш дорад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар Дави миллии имсола дар пойтахт зиёда аз 43 ҳазор нафар иштирок доштанд, ки беш аз 16 ҳазор нафарашон бонувон будаанд. Дави миллӣ аз назди собиқ дидбонгоҳи Чорбоғ шурӯъ шуда, дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Манбаъ афзуд, ки иштирокдорон намояндагони касбу кори гуногун, доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ буданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва масъулини дигар дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, зикр намудаанд, ки Дави миллӣ бо ташаббуси раисиҷумҳури Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад.
"Бояд зикр кард, ки ҳамасола бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар саросари мамлакат Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Ҳукумати Душанбе афзуд, ба иштирокдорони фаъоли Дави миллӣ аз ҷониби намояндагони шаҳрдорӣ ифтихорномаву дипломҳо тақдим карда шуд.