https://sputnik.tj/20210516/hukumat-zamin-kul-javonon-shirkati-sebiston-1039476520.html
Ҳукумат замини Кӯли ҷавононро ба ширкати “Себистон” дод: Чаро?
Ҳукумат замини Кӯли ҷавононро ба ширкати “Себистон” дод: Чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ҳудуди 3,5 гектар замини Боғи Кӯли ҷавонон ва заминҳои захиравиро ба ширкати “Себистон 2018” дод
2021-05-16T09:00+0500
2021-05-16T09:00+0500
2021-05-16T09:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарор
замин
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102658/23/1026582369_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_1d976d663dad85b5c5cf41d8aaa669bc.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон аз заминҳои зери кӯли Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” 2,49 гектарро, ки дар истифодаи ширкати "СДХ Инвестменс, Корп" қарор дошт, ба ихтиёри ширкати “Себистон 2018” додаст. Бар асоси қарори Ҳукумат, инчунин аз ҳисоби заминҳои захиравии Душанбе, ки бо мақсадҳои кишоварзӣ истифода намешаванд, 1,01 гектар ба “Себистон 2018” дода шуданд. Дар маҷмуъ “Себистон 2018” дар ҳудуди Кӯли ҷавонон 3,5 гектар заминро гирифта, муваззаф шудааст, ки дар он бинои бисёфунксионалии бисёрошёнаи маъмуриро бунёд намояд. "Себистон 2018" аз ҷумлаи ширкатҳои нисбатан тозатаъсисе дар бозори сохтмонии Тоҷикистон мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ чандин лоиҳаҳои марказии пойтахтро ба уҳда гирифтааст. Аз ҷумла ширкати мазкур сохтмони меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомониро ба уҳда дорад, ки интизор меравад, баландтарин бинои пойтахт шавад. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Grand Rudaki Tower” як Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ хоҳад буд, ки аз меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна ва ду адад апартаментҳои қароргоҳии 18-ошёна иборат мебошад.Ҳукумат ширкати “Себистон – 2018”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу масолеҳи зарурӣ барои бунёди меҳмонхона озод карда буд.
https://sputnik.tj/20180829/1026582489.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102658/23/1026582369_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_7bdc932dea8b6dcfd4e727becef9c3ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисиҷумҳур, кӯл, себистон
раисиҷумҳур, кӯл, себистон
Ҳукумат замини Кӯли ҷавононро ба ширкати “Себистон” дод: Чаро?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ҳудуди 3,5 гектар замини Боғи Кӯли ҷавонон ва заминҳои захиравиро ба ширкати “Себистон 2018” дод
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон аз заминҳои зери кӯли Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” 2,49 гектарро, ки дар истифодаи ширкати "СДХ Инвестменс, Корп" қарор дошт, ба ихтиёри ширкати “Себистон 2018” додаст.
Бар асоси қарори Ҳукумат, инчунин аз ҳисоби заминҳои захиравии Душанбе, ки бо мақсадҳои кишоварзӣ истифода намешаванд, 1,01 гектар ба “Себистон 2018” дода шуданд.
Дар маҷмуъ “Себистон 2018” дар ҳудуди Кӯли ҷавонон 3,5 гектар заминро гирифта, муваззаф шудааст, ки дар он бинои бисёфунксионалии бисёрошёнаи маъмуриро бунёд намояд.
"Себистон 2018" аз ҷумлаи ширкатҳои нисбатан тозатаъсисе дар бозори сохтмонии Тоҷикистон мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ чандин лоиҳаҳои марказии пойтахтро ба уҳда гирифтааст.
Аз ҷумла ширкати мазкур сохтмони меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомониро ба уҳда дорад, ки интизор меравад, баландтарин бинои пойтахт шавад.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Grand Rudaki Tower” як Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ хоҳад буд, ки аз меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна ва ду адад апартаментҳои қароргоҳии 18-ошёна иборат мебошад.
Ҳукумат ширкати “Себистон – 2018”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу масолеҳи зарурӣ барои бунёди меҳмонхона озод карда буд.