Достиев: чаро Хуҷанд, на Хоруғ, ту аз куҷоӣ кай сар шуд ва зӯргӯии роҳбарон

© SputnikРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Обуна шудан
“Ту аз куҷоӣ” кай сар шуд, чаро баргузории иҷлосияи 16 – ум дар Хоруғу Турсунзода рад гардид, мансабҳои баланд Достиевро аз чӣ маҳрум карданду муносибаташон бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна буд, дар матлаби собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи Абдулмаҷид Достиев
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Профессор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раисиҷумҳур бо нашри матлабе зери унвони “Писари Вахш” талоши чеҳракушоии Абдулмаҷид Достиев, сиёсатмадори тоҷик, замоне нафари дуюми Тоҷикистонро намудааст, ки ҳафтаи равон 75 – солагияшро таҷлил кард.
Дар матлаб тавзеҳ дода шудааст, ки падари хонавода аслан Абдуғаффор ном дошт, аммо, ба сабаби он ки зимни дарав ӯ аз ҳама чолоктар буд, роҳбари хоҷагӣ бошад ҳам, раиси “Достӣ” мегуфтандаш. Онҳоро аз деҳаи Виёни ноҳияи Балҷувон ба ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ) муҳоҷир карданд ва Абдулмаҷид Достиев дар Вахш ба камол расидааст.
Фарҳод Салим, муовини навтаъйини вазири умури хориҷии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Таъйини писари Абдулмаҷид Достиев ба мақоми муовини вазир баъди 5 моҳи барканорӣ
Достиев хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқ буда, корро аз халтаи тухмии пахтаро сари китф бурда, ба тухмипошак рехтан оғоз намуда, баъд “сигналчӣ” шудааст, яъне ҷойҳои сироятшудаи майдони киштро нишонагузорӣ мекарду баъдан онро бо ҳавопаймо ё дастгоҳи дастӣ заҳролуд мекарданд.

Достӣ гуфт, дар мансабҳои баланд муҳаббату самимиятро надид

Худи Достиев изҳор доштаст, ки “мардуми водии Вахш, новобаста ба он ки аз кадом маҳалли кишвар омада, он ҷо сукунат доранду намояндаи кадом қавманд, бо ҳам ёру бародар буданд, ба якдигар меҳру муҳаббати комили инсонӣ доштанд, ки мутаассифона, ҳоло ҳамин чиз дар ҷомеа камчин шудааст”.
Ин сиёсатмадор нигоштааст, ки дар вазифаҳои баланди давлатӣ, ки аксарият орзуяш доранд, фаъолият карда, чеҳраи шинохтаву бологузар шуд, “вале мутаассифона, он самимияту меҳрубонӣ ва меҳру муҳаббати инсонӣ ё ҳаловати зиндагиву хотирҷамъӣ аз фардову ояндаи худу фарзандону наздикон ва пеш аз ҳама, қавму диёрро, ки замони дар водии Вахш дар маснаду вазифаҳои пасттар доштанам буд, надидаам”.

"Ту аз куҷоӣ?” кай сар шуд? Солашро гуфт

Ӯ таъкид кардааст, ки падидаи миллатхӯр - маҳалчигӣ аслан ному нишон надошт, инро баъдтар “туҳфа” оварданд, аниқтараш, баъди таъсис ёфтани вилояти Қӯрғонтеппа дар моҳи апрели соли 1977 ибораҳои “Ту аз куҷоӣ? Фалонӣ кисту куҷоист?” пайдо шуду оҳиста-оҳиста қувват гирифт.
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2020
Баъди супориши Раҳмон ба амниятиҳо: дигар барои суханҳои ноҷо ҷазои ҷиноӣ намедиҳанд
Усмонов мегӯяд, Достиев аз он инсонҳоест, ки дарду ғамро фурӯ бурда метавонад ва хуни дил хӯрад ҳам, барои манфиати умумии миллат, барои пирӯзии мавқеи пешакардааш хомӯш меистад ва мегӯяд: “Ба Худо супурдамат, мукофоти амалатро Худо диҳад” ва пеш меравад бо ҳамон роҳе, ки интихоб кардааст.

Чаро Хоруғу Турсунзода рад шуду Хуҷанд қабул?

Усмонов аз қавли Достиев сабаби дар Хуҷанд баргузор шудани иҷлосияи 16-умро гуфт.
“Хоруғу Турсунзода барои он рад шуд, ки ин шаҳрҳо зери таъсири гурӯҳҳои муқобил истода буданд. Хориҷи кишварро барои он рад кардем, ки ин аз як тараф, нангу ори миллӣ буд, аз тарафи дигар, таҷрибаи талхи тақдири Афғонистонро пеши назар овардем, яъне, дар Маскаву Душанбе (давраи шӯравӣ), чанд роҳбару раёсат тайёр карда, ба он ҷой бурда нишонданду оқибат ин амал ба чӣ овард, медонистем”, - изҳор доштааст Достиев.
Обсуждение хода работы группы «6+2» с Ахмад Шахом Масудом. Северная провинция Тахар, июнь 1998 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2020
Ёди Давлат Усмон аз вохӯриҳо бо Масъуд: суҳбат аз Тоҷикистон, Ҳикматёр, хости ИМА ва марг
Ӯ тавзеҳ додааст, ки Хуҷанд барои он интихоб шуд, ки дигар дар мамлакат ҷои бехатару қулай набуд ва дувум, нодуруст будани даъвои он, ки шимолиҳо, аниқтараш, гӯё “хуҷандиҳо ба хотири бақои ҳукуматдории худ минтақаҳои ҷанубро ба ҳам ҷанг андохтанд”-ро исбот кард.
Дар идомаи матлабаш дар нашрияи "Садои мардум" Усмонов аз Достиев тавсиф кардааст, ки соҳиби сухан аст ва ҳеҷ вақт аз гуфтаву кардааш мункир нашудааст ва афзудааст, ки “ман инро бо мисоли зиёди замони ҳамкориам исбот карда метавонам”.

Аз демократия то дузахию биҳиштӣ: довар Худост

Инчунин аз Достиев иқтибос оварда шудааст, ки модоме мехоҳем ё даъвои онро дорем, ки ақидаи мо, мавқеи моро дигарон эҳтиром кунанд, бояд мо низ ақидаи дигаронро эҳтиром намоем, на ин ки пардозем ба санг заданаш, боз ба лафзи қабеҳе, ки барои тоҷики асил хос нест.
“Як бор доварӣ намуда, якеро дӯзахиву дигареро биҳиштӣ эълон кардем ё иддае аз ҳаммиллатонамонро кофиру иддаеро мусулмон эълон карда, чӣ мусибатҳо дидем, ки ба гумонам, барои ҳафт пуштамон басанда аст. Ҳол он ки довари ягона танҳо Худост, на бандаҳои хокияш”, - изҳор доштааст Достиев.
Иброҳим Усмонов изҳор доштааст, ки ростӣ, ҳоло ҳам душвор аст, ба шахсиятҳои солҳои навадуми асри ХХ баҳо додан, дурустӣ ё ғалатии фаъолияти онҳоро баҳогузорӣ кардан.
“Чунки, мутаассифона, то ба ҳол бо ҳама муваффақияте, ки давлати тоҷик дорад, ҳолати сиёсӣ — иҷтимоии онро возеҳ гуфтан душвор аст. Бинобар ин, насли ҷавон меҳнати шахсиятҳоеро чун А. Достиев, М. Убайдуллоев, С. Зуҳуров кам ёд дорад”, - тавзеҳ додаст профессор.
Ӯ афзуд, ки “калӯшдепутатҳо”-ро хандидаву масхара карда метавонем, аммо гуфта наметавонем, ки маҳз ҳамонҳо боз давлатро ба роҳи дуруст гардонданд. Усмонов аз озодии баёни солҳои 1989-1992 зикр карда, изҳор доштааст, ки маҷлисҳо тӯфони сахти андешаҳо ва ақидаҳоро дошт.
История Таджикистана на карте Москвы: Кремль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2020
Аз созишномаи сулҳу тақсими қудрат то басташавии ҲНИТ: суҳбат бо Абдуллоҳи Раҳнамо
“Он замон, хушбахтона ё бадбахтона, даст бари доман, лабфурӯбаста, маҳалситоянда ва хушомадгӯйҳо, қариб ки набуданд. Аммо сухангӯйҳое чун А. Достиев зарур буданд, ки мардумро ба сӯи ҳақиқат ҳидоят намоянд”, - омадааст дар матлаб.
Иброҳим Усмонов дар бораи Достиев навиштааст, ки ман намедонам ӯ аз силоҳ тир паррондааст ё не, аммо медонам ва дидаам, вай барои расидан ба ҳадаф аз сухан чӣ қадар бо тавоноӣ истифода кардааст ва пай бурдаам аз Зоти пок, на як бору ду бор хоҳишу илтиҷо кардааст, ки забонашро гӯё ва суханашро бурро созад.

Вокуниши Достиев агар касе Раҳмонро бад гӯяд

Усмонов дар мавриди муносиботи Эмомалӣ Раҳмон, раиси вақти Шӯрои Олӣ ва муовини якуми ӯ, Абдулмаҷид Достиев навиштааст, ки сардори давлат ҳам ба ин ҳамсангари хеш, дӯсти худ эътиқоди зиёд дорад. Ба маҷлиси муассисони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ (декабри соли 1992) фиристодани ӯ, ба Гурӯҳи корӣ оид ба навиштани Конститутсия роҳбар шудани вай, роҳбарӣ карданаш ба таъини рамзҳои давлатӣ ва ниҳоят, ҳайати Ҳукуматро дар Комиссияи оштии миллӣ роҳбарӣ намуданаш эътиқоди Эмомалӣ Шарифовичро ба вай гувоҳӣ медиҳанд. Пай бурдаам, ки онҳо дар душвортарин лаҳзаҳои таърих паҳлуи ҳам буданд, дар сарнавишти миллату давлат ҳамандешаанд.
Султони Ҳамад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2015
Коршинос: Ҳоҷӣ Ҳалим ва Эшони Ҷунайдуллоҳ аз ҷумлаи сулҳхоҳон буданд
Дар мавриди эътимоду садоқати Достиев ба Эмомалӣ Раҳмон, Усмонов навиштааст, ки дар Комиссияи оштии миллӣ шоҳиди он будам, ки вай ҳама чизро ба бурдборӣ, тамкин ва агар маъқул набошад, бо лабханди малеҳу пурмаънояш гӯш мекарду ҷавоби лоиқ медод.
“Аммо ҳар гоҳ сухани ноҷо ё беэҳтиромӣ нисбат ба Сарвари давлат мешунид, фарқ надошт онро кӣ мегуфт, душмани доно ё дӯсти нодон, якбора медамид ва ниҳоят сахт эътироз мекард. “Ақаллан қадри онро донед, ки миллатро, аз ҷумла, шуморо, сарҷамъ кард, ақаллан қадри онро донед, ки захми Ватанро даво мекунад…” мегуфт. Ин садои қаъри дил буд, ҳақиқат буд. Ин эътиқод буд, ки барои изҳори он фикр кардан лозим намешуд”, - навиштааст Иброҳим Усмонов
Профессор таъкид кардааст, ки Достиев барои он бо ному эътибораш доимӣ монд, ки дар гуфтору кирдораш фарқ набуд.

Баҳои Достиев ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ

Иброҳим Усмонов навиштааст, ки баҳо ба замони худшиносии давраи бозсозии горбачевӣ, ба шурӯи муқовимат ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ба талошҳои сиёсӣ, аз ҷумла, вабои депутатшавӣ аз ҷониби сиёсатмадорон ва олимон ҳамсон нест. Ӯ назари Достиевро қобили таваҷҷуҳ хондааст, ки навиштааст, “воқеаҳои феврали соли 1990-ум оғози фоҷиаи миллӣ гардид”.
“Гирдиҳамоиҳои ифротгароёна ва нотавонии роҳбарияти Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъият, ҳалли сулҳомези мушкилии бавуҷудомадаро таъмин карда натавонист. Роҳбарон ҷамъиятро ба ин ҳол оварда, мехостанд мансабу чавкиашонро танҳо бо роҳи фишор, таъқиб ва зӯроварӣ ҳимоят намоянд. Дар натиҷа, задухӯрди қувваҳои ҳукуматӣ ва гирдиҳамомадагон ба ҳалокати як идда одамон анҷом ёфт, ки буҳрони амиқи сиёсӣ ва психологиро дар ҷомеа ба бор овард. Унсурҳои аз ҳизбу ҳукумат норозӣ, мансабхоҳ ва маҳалгаро низ дар ин раванди ҳодисаҳо нақши муайян бозӣ карданд”, - изҳор доштааст Достиев.
Ӯ афзудааст, ки ин амали носавоб ба аҳли ҷомеа, бахусус ба ифротиёну афроди ҷиноӣ, дарси мумкин будани рехтани хуни инсонро дод.
“Ин таҷриба минбаъд хуни инсонро беқурб кард. Яъне, ин амали носавобро Ҳукумат аввалин шуда ба аъзои ҷомеа раво дид. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳама гуна иқдомро оғоз кардан душвор аст. Ҳамин ки оғоз шуд, минбаъд бе душворие идома меёбад”, - таъкид кардааст Достиев.
Дар идома Усмонов аз талошҳои Достиев барои барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистону ҷонбозиҳояш гуфтааст.
Иброҳим Усмонов таъкид кардааст, ки соли 1992 Абдулмаҷид Салимович яке аз шахсиятҳои асосии водии Вахш бар муқобили ифротгароёни исломӣ буд, аммо вай бо доду таҳдид не, бо тамкину маслиҳат сулҳро эҷод кардан мехост. Таъкид шудааст, ки қиссаи Достиев қиссаи мардони шуҷоъ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0