https://sputnik.tj/20210515/ravzana-ba-kayhoni-buzurg-1039461282.html
"Окно” - равзана ба кайҳони бузург
"Окно” - равзана ба кайҳони бузург
Sputnik Тоҷикистон
Маркази “Окно” дар ағбаи Шар-Шар дар баландии беш аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, дар кӯҳистони мавсум ба Санглох бар фарози обанбори Норак ҷойгир аст
2021-05-15T13:00+0500
2021-05-15T13:00+0500
2021-05-25T18:21+0500
дар тоҷикистон
окно
кайҳон
дар русия
тасвирбаён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039430152_277:130:2664:1473_1920x0_80_0_0_3a7660a5cfe9a643e4ade281c6652095.jpg
Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно” барои пайдо ва муайян кардани объектҳои кайҳонӣ, ҳаракати параметрҳо, гирифтани хислати фотометрии онҳо ва иттилоъ додан дар бораи мавҷудоти фазои кайҳон пешбинӣ шудааст.Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно” ба Русия имкони пайдо кардани объектҳои кайҳониро дар фосилаи 50 ҳазор километр муҳайё мекунад.Низоми назорати фазои кайҳонӣ маҷмааи назорати кайҳонии “Окно”, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст нақши беандоза мебозад.Бояд қайд кард, ки бунёди маҷмааи “Окно” дар соли 1961 оғоз шуда буд. Ҳангоми ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон муттасадиён он ҷоро тарк карда буданд, танҳо дар охирҳои солҳои 90-ум ба аз нав барқароркунии он шуруъ карданд. Аз соли 2014 ин ҷониб дар ин маҷмаа навбатории низомӣ барқарор шудааст.Дар соли 2004 ин пойгоҳи назоратии кайҳонӣ ба ивази 242 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба Русия дода шуд. Тибқи созишномае, ки он вақт роҳбарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо карданд, тамоми қаламрави ишғолкардаи пойгоҳ аз тарафи Русия бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар як сол то соли 2042 ба иҷора гирифта шудааст.Зимнан, ин пойгоҳи назорати кайҳонӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ поягузорӣ шуда, моли давлати Тоҷикистон дониста мешуд. Вале таъмини ҳифозати ҳудуди ин маркази назорати кайҳониро тӯли ин солҳо сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бар ӯҳда доранд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039430152_993:185:2698:1463_1920x0_80_0_0_4f9cbcfa598a73cfd541f8cbbaf68aa1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, кайҳон, равзана, окно
русия, кайҳон, равзана, окно
"Окно” - равзана ба кайҳони бузург
13:00 15.05.2021 (Навсозишуда: 18:21 25.05.2021) Маркази “Окно” дар ағбаи Шар-Шар дар баландии беш аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, дар кӯҳистони мавсум ба Санглох бар фарози обанбори Норак ҷойгир аст
Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно” барои пайдо ва муайян кардани объектҳои кайҳонӣ, ҳаракати параметрҳо, гирифтани хислати фотометрии онҳо ва иттилоъ додан дар бораи мавҷудоти фазои кайҳон пешбинӣ шудааст.
Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно” ба Русия имкони пайдо кардани объектҳои кайҳониро дар фосилаи 50 ҳазор километр муҳайё мекунад.
Низоми назорати фазои кайҳонӣ маҷмааи назорати кайҳонии “Окно”, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст нақши беандоза мебозад.
Бояд қайд кард, ки бунёди маҷмааи “Окно” дар соли 1961 оғоз шуда буд. Ҳангоми ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон муттасадиён он ҷоро тарк карда буданд, танҳо дар охирҳои солҳои 90-ум ба аз нав барқароркунии он шуруъ карданд. Аз соли 2014 ин ҷониб дар ин маҷмаа навбатории низомӣ барқарор шудааст.
Дар соли 2004 ин пойгоҳи назоратии кайҳонӣ ба ивази 242 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба Русия дода шуд. Тибқи созишномае, ки он вақт роҳбарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо карданд, тамоми қаламрави ишғолкардаи пойгоҳ аз тарафи Русия бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар як сол то соли 2042 ба иҷора гирифта шудааст.
Зимнан, ин пойгоҳи назорати кайҳонӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ поягузорӣ шуда, моли давлати Тоҷикистон дониста мешуд. Вале таъмини ҳифозати ҳудуди ин маркази назорати кайҳониро тӯли ин солҳо сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бар ӯҳда доранд.