https://sputnik.tj/20210515/iqtisodii-tojikistonu-uzbekiston-taqviyat-1039468642.html
Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбад
Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Аз тақвияти ҳамкории миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон афзоиши гардиши савдои байни ду кишвар далолат мекунад
2021-05-15T14:35+0500
2021-05-15T14:35+0500
2021-05-15T14:38+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
тақвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102839/13/1028391369_160:0:1182:575_1920x0_80_0_0_4e1bde6a1a4fd7573af03f4d403724c1.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият мебахшанд ва далели ин гуфтаҳо афзоиши гардиши савдои миёни ду кишвар дар соли 2021 будааст.Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст.Ин масъала зимни дидори вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини сарвазир — вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзақов баррасӣ шудааст.Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст, гуфта шудааст дар ин мулоқот.Зимни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва мубодилаи таҷриба байни вазоратҳои ҳарду кишвар дар самтҳои дурнамосозии макроиқтисодӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо ҳамкорӣ намоянд.Завқизода зикр кардааст, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар, муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карданд.Ёдрас мешавем, ки рӯзи 14 май сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ ба Ӯзбекистон сафар кард.Гуфта мешавад, ки ин ҳайъат дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки таҳти раёсати сарвазирон баргузор мешавад, ки вазифаи асосии он ҷустуҷӯи "нуқтаҳои рушд"-и ҳамкориҳои судманд барои давраи дарозмуддат аст, ишркат мекунанд.
https://sputnik.tj/20210514/rasulzoda-hayati-hukumat-toshkand-hamkori-1039438987.html
https://sputnik.tj/20210515/sanaisafar-mirziyoev-tojikiston-malum-1039465283.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102839/13/1028391369_287:0:1054:575_1920x0_80_0_0_d58201ea02bf2f2d3e9fdaa1ec699792.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, тақвият
дар тоҷикистон, иқтисод, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, тақвият
Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбад
14:35 15.05.2021 (Навсозишуда: 14:38 15.05.2021) Аз тақвияти ҳамкории миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон афзоиши гардиши савдои байни ду кишвар далолат мекунад
ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият мебахшанд ва далели ин гуфтаҳо афзоиши гардиши савдои миёни ду кишвар дар соли 2021 будааст.
Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Ин масъала зимни дидори вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини сарвазир — вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзақов баррасӣ шудааст.
Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст, гуфта шудааст дар ин мулоқот.
Зимни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва мубодилаи таҷриба байни вазоратҳои ҳарду кишвар дар самтҳои дурнамосозии макроиқтисодӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо ҳамкорӣ намоянд.
Завқизода зикр кардааст, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар, муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карданд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 14 май сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ ба Ӯзбекистон сафар кард.
Гуфта мешавад, ки ин ҳайъат дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки таҳти раёсати сарвазирон баргузор мешавад, ки вазифаи асосии он ҷустуҷӯи "нуқтаҳои рушд"-и ҳамкориҳои судманд барои давраи дарозмуддат аст, ишркат мекунанд.