https://sputnik.tj/20210515/hukmi-duohon-jinbaror-aloqa-shahvoni-1039469652.html
Эълони ҳукми “дуохон”- и 72 – сола барои ҷинбарорӣ тариқи алоқаи шаҳвонӣ-видео
Эълони ҳукми “дуохон”- и 72 – сола барои ҷинбарорӣ тариқи алоқаи шаҳвонӣ-видео
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳукми зиндони марди дуохони 72 – соларо содир кард, ки бо баҳонаи дуохонӣ бо занони корафтода муносиботи шаҳвонӣ мекардааст
2021-05-15T15:10+0500
2021-05-15T15:10+0500
2021-08-10T14:43+0500
хуҷанд
зиндон
ҳукм
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0f/1039469806_0:0:735:413_1920x0_80_0_0_0d36133b7fec24dca0e96e99183dfbfc.png
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ба гузориши ВУД, тибқи далелҳои гирдовардашуда Абдуллоев Ғайбулло, сокини ноҳияи Шаҳристон, занон, ихлосмандони табобат бо усули дуохониро бовар мекунонидааст, ки ботинашон ҷин дорад ва бо баҳонаи аз тани онҳо баровардани он ба онҳо наздик мешудаст.Ба иттилои манбаъ номбурда бо роҳи фиреби ҷинбарорӣ ба боварии як нафар сокини шаҳри Хуҷанд даромада, дар баробари 200 сомонӣ гирифтан, зимни табобат бо роҳи дуохонӣ аз эътиқоди динии ӯ сӯстифода карда, нисбати охирон амали бадахлоқонаро раво дида муносибати маҳрамонаро анҷом додааст.Ҳамин тариқ додгоҳ номбурдаро бо дастрасии ду моддаии Кодекси ҷиноӣ, 142 иловаи 1 ва 247 айбдор дониста, барои чор сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр ва 12 ҳазор сомонӣ ҷаримаю 4 сол аз фаъолиятҳои динӣ маҳрум кардааст.Қаблан ВУД бо нашри гузориши боздошти номбурда гуфта буд, ки Абдуллоев маълумоти динӣ надорад ва маънои дуоҳои хондаашонро намедонад. Инчунин зикр шудааст, ки бо бархе аз мизоҷон бо истифода аз ҳиссияти динияшон муносиботи шаҳвонӣ анҷом медодааст. Ба иттилои ВУД, аъмоли ин мард баъди шикояти як зан зимни амалиёти оперативӣ ошкор шудаанд. Дар навори оперативӣ лаҳзаҳои бӯсобусии мард бо зане сабт шудаанд.“Дар ҳамаи китобҳо зино ҳаром гуфта шудааст, ҳамон рӯз худамро дошта, натавонистам, сустӣ кардам, гуноҳ кардам. Худам ин гуноҳамро бахшида наметавонам”, - изҳор дошта буд, Абдуллоев зимни боздошту бозпурсӣ.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0f/1039469806_53:0:670:463_1920x0_80_0_0_e75e0db4fbecadf2c71b55f58449309c.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукм, додгоҳ, зиндон, дуохон
ҳукм, додгоҳ, зиндон, дуохон
Эълони ҳукми “дуохон”- и 72 – сола барои ҷинбарорӣ тариқи алоқаи шаҳвонӣ-видео
15:10 15.05.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021) Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳукми зиндони марди дуохони 72 – соларо содир кард, ки бо баҳонаи дуохонӣ бо занони корафтода муносиботи шаҳвонӣ мекардааст
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ба гузориши ВУД, тибқи далелҳои гирдовардашуда Абдуллоев Ғайбулло, сокини ноҳияи Шаҳристон, занон, ихлосмандони табобат бо усули дуохониро бовар мекунонидааст, ки ботинашон ҷин дорад ва бо баҳонаи аз тани онҳо баровардани он ба онҳо наздик мешудаст.
Ба иттилои манбаъ номбурда бо роҳи фиреби ҷинбарорӣ ба боварии як нафар сокини шаҳри Хуҷанд даромада, дар баробари 200 сомонӣ гирифтан, зимни табобат бо роҳи дуохонӣ аз эътиқоди динии ӯ сӯстифода карда, нисбати охирон амали бадахлоқонаро раво дида муносибати маҳрамонаро анҷом додааст.
Ҳамин тариқ додгоҳ номбурдаро бо дастрасии ду моддаии Кодекси ҷиноӣ, 142 иловаи 1 ва 247 айбдор дониста, барои чор сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр ва 12 ҳазор сомонӣ ҷаримаю 4 сол аз фаъолиятҳои динӣ маҳрум кардааст.
Қаблан ВУД бо нашри гузориши боздошти номбурда гуфта буд, ки Абдуллоев маълумоти динӣ надорад ва маънои дуоҳои хондаашонро намедонад.
Инчунин зикр шудааст, ки бо бархе аз мизоҷон бо истифода аз ҳиссияти динияшон муносиботи шаҳвонӣ анҷом медодааст. Ба иттилои ВУД, аъмоли ин мард баъди шикояти як зан зимни амалиёти оперативӣ ошкор шудаанд. Дар навори оперативӣ лаҳзаҳои бӯсобусии мард бо зане сабт шудаанд.
“Дар ҳамаи китобҳо зино ҳаром гуфта шудааст, ҳамон рӯз худамро дошта, натавонистам, сустӣ кардам, гуноҳ кардам. Худам ин гуноҳамро бахшида наметавонам”, - изҳор дошта буд, Абдуллоев зимни боздошту бозпурсӣ.