Бохти "Равшан" дар Бишкеку мусовии "Хуҷанд" дар Душанбе: нахустин бозиҳо дар Ҷоми AFC-2021

© Пресс-служба ФФТМатч на групповом этапе Кубка АФК-2021 между "Худжанд" и "Алтын Асыр"
Матч на групповом этапе Кубка АФК-2021 между Худжанд и Алтын Асыр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Обуна шудан
Тимҳои "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва "Равшан"-и Кӯлоб нахустин бозияшронро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2021 яке бо мусовиву дигаре бо бохт анҷом дод
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik.Бозии дастаҳо шоми гузашта дар майдонҳои Душанбе ва Бишкек доир шуд.
Дастаи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон дар мизбонӣ тими "Олтин Асир"-и Туркманистонро қабул карда, бозиро бо ҳисоби 2:2 мусовӣ анҷом дод.
Нахустин голи бозиро Олтимурод Аннадурдиев, футболбози "Олтин Асир" дар дақиқаи 15-ум боз кард ва дар дақиқаи 25 бошад, Артём Сердюк, легионери “Хуҷанд” бо голи задааш, рақамҳоро баробар кард.
Голи дуввуми “Хуҷанд”-ро Дилшод Бозоров дар дақиқаи 41-ум ва аз ҳарифонро дар лаҳазоти охири бозӣ боз Олтимурод Аннадурдиев зад.
ФК Ласточка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Оғози бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб, нахустин бозияшро дар мусобиқаи Ҷоми AFC-2021 дар Бишкек бо шикаст аз "Аҳал"-и Туркманистон пушти сар кард.
Бози бо ҳисоби 3:1 хотима ёфта, ягона голи "Равшан"- ро Далер Шомуродов зада, аз туркманҳоро бошад, Элман Тағоев ва Қурбон Аннаев заданд.
Ёдовар мешавем, бошгоҳи "Хуҷанд" дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2021 дар гурӯҳи "F" бо дастаҳои "Насаф"-и Қаршӣ, "Олтин Асир"-и Ашхобод буда, бозии баъдияш бо тими Ӯзбекистонӣ аст.
Дасти "Равшан" бошад, дар ин мусобиқа дар гурӯҳи "E" бо "Дордой"- и Қирғизистон ва "Аҳал"-и Туркманистон ,буда, бозии баъдияш бо тими туркманӣ аст.
Бозиҳои ин гуруҳ дар Бишкек доир мешава.
Лентаи хабарҳо
0