https://sputnik.tj/20210514/rusiya-kvota-donishjuyon-osiyoi-markazi-ziyod-1039446383.html
Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд мекунад
Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири илм ва таҳсилотии олии Русия хабар дода, ки дар Русия донишҷӯёни хориҷӣ, ки тибқи квота таҳсил мекуннд бештар хоҳанд шуд
2021-05-14T14:40+0500
2021-05-14T14:40+0500
2021-05-14T18:25+0500
дар тоҷикистон
маориф
осиёи марказӣ
донишҷӯён
бурсия
квота
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/34/1030693423_0:108:3069:1834_1920x0_80_0_0_3c0e6f3c534d0fd6026a007b5c56b855.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Валерий Фалков қайд кардааст, ки масъалаи афзоиши квота ё бурсия барои донишҷӯёни хориҷӣ дар ҷаласаи ҳукумати Русия таҳти раёсати раисҷумҳур Владимир Путин баррасӣ шуд, иттилоъ додааст "Вестник Кавказа".Ба гуфтаи Фалков, сарфи назар аз пандемия ва дигар омилҳои манфӣ донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таваҷҷуҳи зиёд доранд."Албатта, мо ба ворид шудани кадрҳои боистеъдод ба кишвар манфиатдорем, аз ин рӯ, бо назардошти афзоиши алоқамандӣ ба таҳсилот дар Русия, тасмим гирифта шуд, ки шумораи квотаҳои таҳсилотиро барои шаҳрвандони хориҷӣ зиёд намоем. Дар ин ҷо пешсаф ҳамсояҳои наздиктарини мо ҳастанд - Тоҷикистон , Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон. Дар ин кишварҳо ба таври анъанавӣ талабот ба таҳсилот дар Русия хеле зиёд аст ", - гуфт вазир.Вай ҳамчунин илова кард, ки дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки барои рушди забони русӣ дар кишварҳои ИДМ тадбирҳо омода карда шаванд.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ҳукумати кишвараш супориш дод, ки омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро фаъолтар гардонанд.Путин дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздикро нокифоя хонд.Ҳоло ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари онҳо дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус ҳастанд.
https://sputnik.tj/20201118/Bursiya-grant-va-stipendiya-donishni-khori-dar-Rusiya-ch-khoand-girift-1032291344.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/34/1030693423_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_789a3ccfc7afd46c94be7c44de87e054.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, донишҷӯён, квота, осиёи марказӣ, таҳсил
русия, донишҷӯён, квота, осиёи марказӣ, таҳсил
Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд мекунад
14:40 14.05.2021 (Навсозишуда: 18:25 14.05.2021) Вазири илм ва таҳсилотии олии Русия хабар дода, ки дар Русия донишҷӯёни хориҷӣ, ки тибқи квота таҳсил мекунанд бештар хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Валерий Фалков қайд кардааст, ки масъалаи афзоиши квота ё бурсия барои донишҷӯёни хориҷӣ дар ҷаласаи ҳукумати Русия таҳти раёсати раисҷумҳур Владимир Путин баррасӣ шуд, иттилоъ додааст "Вестник Кавказа".
Ба гуфтаи Фалков, сарфи назар аз пандемия ва дигар омилҳои манфӣ донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таваҷҷуҳи зиёд доранд.
"Албатта, мо ба ворид шудани кадрҳои боистеъдод ба кишвар манфиатдорем, аз ин рӯ, бо назардошти афзоиши алоқамандӣ ба таҳсилот дар Русия, тасмим гирифта шуд, ки шумораи квотаҳои таҳсилотиро барои шаҳрвандони хориҷӣ зиёд намоем. Дар ин ҷо пешсаф ҳамсояҳои наздиктарини мо ҳастанд - Тоҷикистон , Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон. Дар ин кишварҳо ба таври анъанавӣ талабот ба таҳсилот дар Русия хеле зиёд аст ", - гуфт вазир.
Вай ҳамчунин илова кард, ки дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки барои рушди забони русӣ дар кишварҳои ИДМ тадбирҳо омода карда шаванд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ҳукумати кишвараш супориш дод, ки омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро фаъолтар гардонанд.
Путин дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздикро нокифоя хонд.
Ҳоло ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари онҳо дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус ҳастанд.