https://sputnik.tj/20210514/hushdori-khf-borongari-boloravi-ob-rudhona-1039449661.html
Ҳушдори КҲФ аз идомаи боронгариву болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо
Ҳушдори КҲФ аз идомаи боронгариву болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз идомаи борону обхезиҳо сокинони кишварро ҳушдор додааст
2021-05-14T15:31+0500
2021-05-14T15:31+0500
2021-05-14T19:25+0500
дар тоҷикистон
кҳф
дарё
борон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/48/1028624860_0:177:1920:1257_1920x0_80_0_0_55359838babd6b7d474a7a3c95293d42.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ин ниҳод дар такя ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтааст, аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон дархост кардааст, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. КҲФ ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои обро дар ин гуна рӯзҳои пурбориш тавсия намедиҳад. “Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш мекунад ҳаракат дар чунин роҳҳо дар шабонгаҳонро маҳдуд кунанд. Қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоянд”,- таъкид кардааст КҲФ.Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки аз фурсатҳои мусоид истифода намоянд ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.
https://sputnik.tj/20210514/10-tavsiyai-khf-baroi-najot-az-sel-1039438392.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/48/1028624860_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_02a6583ff0234d2db4865285812e8146.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, кҳф, боронгарӣ, рӯдхона,
ҳушдор, кҳф, боронгарӣ, рӯдхона,
Ҳушдори КҲФ аз идомаи боронгариву болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо
15:31 14.05.2021 (Навсозишуда: 19:25 14.05.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз идомаи борону обхезиҳо сокинони кишварро ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ин ниҳод дар такя ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтааст, аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.
“Эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери об мондани соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикастурехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад”,- афзудааст манбаъ.
Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон дархост кардааст, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд.
КҲФ ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои обро дар ин гуна рӯзҳои пурбориш тавсия намедиҳад.
“Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш мекунад ҳаракат дар чунин роҳҳо дар шабонгаҳонро маҳдуд кунанд. Қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоянд”,- таъкид кардааст КҲФ.
Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки аз фурсатҳои мусоид истифода намоянд ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.