https://sputnik.tj/20210514/daromadi-kamu-himmati-baland-hayri-4-muzaduze-ki-tanho-yak-chatr-dorand---video-1039457366.html
Даромади каму ҳиммати баланд: хайри 4 мӯзадӯзе, ки танҳо як чатр доранд - видео
Даромади каму ҳиммати баланд: хайри 4 мӯзадӯзе, ки танҳо як чатр доранд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дӯкон не, танҳо чатре доранд, ки онҳоро аз офтобу борон ҳифз мекунад, аммо аз хизмати ройгон барои ҳама дар рӯзҳои ҷумъа ва кафшдӯзии ройгони ҳамарӯза барои маъюбону камбизоатон даст кашиданӣ нестанд
2021-05-14T18:27+0500
2021-05-14T18:27+0500
2021-05-14T18:28+0500
видео
дар тоҷикистон
хайр
баланд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039456173_74:0:1272:674_1920x0_80_0_0_1b89f887786f70b1f94035181bd65b49.jpg
Чор мӯзадӯз дар шаҳри Душанбе - Зафар Шарипов, Ҷамшед Рабиев, бародарон Хушбахт ва Садридин Нозимовҳо мегӯянд, бо гузашти моҳи Рамазон кори хайрашон дар рӯзҳои ҷумъа ва хизматрасонии ройгони ҳамарӯза ба ниёзмандонро қатъ карданӣ нестанд. “Онҳо дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба таъмири пойафзол машғуланд ва солҳост, ки дар ин ҷо кор мекунанду рӯзона то 7 соат кафши мардумро таъмиру тармим менамоянд. Cоҳиби ҳеҷ гуна дуконе нестанд, дар канори роҳ зери чатрҳое, ки аз офтобу борон онҳоро ҳифз мекунад, ба кор машғуланд”, - навиштааст сомонаи Ҷом.Ба иттилои манбаъ, ҳар чор кафшдӯз дар як рӯз тақрибан ба 30 нафар хизмат мерасонанд ва ҳаққи хизматрасониҳояшон аз 10 сомонӣ шурӯъ мегардад.Ин нафарон мегӯянд, хизматрасонӣ барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва оилаҳои камбизоат ройгон мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039456173_227:0:1126:674_1920x0_80_0_0_f08fd502ef7379e7bb25ead6c3c0922b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мӯзадӯз, кашф, ҳиммат, баланд
мӯзадӯз, кашф, ҳиммат, баланд
Даромади каму ҳиммати баланд: хайри 4 мӯзадӯзе, ки танҳо як чатр доранд - видео
18:27 14.05.2021 (Навсозишуда: 18:28 14.05.2021) Дӯкон не, танҳо чатре доранд, ки онҳоро аз офтобу борон ҳифз мекунад, аммо аз хизмати ройгон барои ҳама дар рӯзҳои ҷумъа ва кафшдӯзии ройгони ҳамарӯза барои маъюбону камбизоатон даст кашиданӣ нестанд
Чор мӯзадӯз дар шаҳри Душанбе - Зафар Шарипов, Ҷамшед Рабиев, бародарон Хушбахт ва Садридин Нозимовҳо мегӯянд, бо гузашти моҳи Рамазон кори хайрашон дар рӯзҳои ҷумъа ва хизматрасонии ройгони ҳамарӯза ба ниёзмандонро қатъ карданӣ нестанд.
“Онҳо дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба таъмири пойафзол машғуланд ва солҳост, ки дар ин ҷо кор мекунанду рӯзона то 7 соат кафши мардумро таъмиру тармим менамоянд. Cоҳиби ҳеҷ гуна дуконе нестанд, дар канори роҳ зери чатрҳое, ки аз офтобу борон онҳоро ҳифз мекунад, ба кор машғуланд”, - навиштааст сомонаи Ҷом.
Ба иттилои манбаъ, ҳар чор кафшдӯз дар як рӯз тақрибан ба 30 нафар хизмат мерасонанд ва ҳаққи хизматрасониҳояшон аз 10 сомонӣ шурӯъ мегардад.
Ин нафарон мегӯянд, хизматрасонӣ барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва оилаҳои камбизоат ройгон мебошад.