https://sputnik.tj/20210514/barrasi-omodagi-olimpi-tojikiston-diplomati-jopon-1039455008.html
Баррасии омодагии тими олимпии Тоҷикистон бо дипломати Ҷопон
Баррасии омодагии тими олимпии Тоҷикистон бо дипломати Ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони Тоҷикистону Ҷопон омодагӣ ва иштироки ҳайати олимпӣ дар Бозиҳои Токио-2020 – ро баррасӣ кардаанд
2021-05-14T17:29+0500
2021-05-14T17:29+0500
2021-07-19T11:57+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҷопон
тим
бозиҳои олимпии пекин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039454029_0:0:751:423_1920x0_80_0_0_1fc58b6fd85961be1b1d3fa5c0348432.png
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Томонорӣ Ҳасегева, роҳбари намояндагии сафорати Ҷопон дар Душанбе омодагӣ ва иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ карданд. Тибқи иттилои кумита зикр шуд, ки Ёддошти тафоҳум, соли 2018, зимни сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷопон ба имзо расид, ки масъалаҳои машқу тамрини дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро пеш аз Бозиҳои олимпӣ ба танзим медарорад.“Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум соли 2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар шаҳри Аоморӣ ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуд. Ба ҷамъомадҳои тамринӣ фаро гирифтани ҳайати олимпии Тоҷикистон пеш аз бозиҳо феълан бо ҷониби Аоморӣ баррасӣ мешавад”, - иброз намуд Абдуллозода. Ба иттилои Кумитаи олимпӣ, Томонорӣ Ҳасегава дар навбати худ Котиби генералии КМО Тоҷикистонро барои роҳхати олимпӣ гирифтани варзишгарони тоҷик ва иштирокашон дар Бозиҳои олимпии Токио табрик гуфт.Ӯ иброз намуд, ки Сафорати давлати Ҷопон дар Душанбе омодааст барои сафарбар намудани ҳайати олимпии Тоҷикистон кумак намояд.“Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон омодааст, ки минбаъ низ барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти варзиш, рушду инкишофи намудҳои миллӣ ва олимпии варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарони Тоҷикистон пайваста ба КМО Тоҷикистон кӯмак намояд”, - илова намуд Томонорӣ Ҳасегава. Олимпиадаи Токио аз 23 июл то 8 августи соли равон дар назар аст.
https://sputnik.tj/20210319/Vokunish-Nazarov-qarori-AIU-1033028153.html
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039454029_35:0:702:500_1920x0_80_0_0_63add0036fb600d284807d844caba1ac.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, омодагӣ, ҷопон
Баррасии омодагии тими олимпии Тоҷикистон бо дипломати Ҷопон
17:29 14.05.2021 (Навсозишуда: 11:57 19.07.2021) Мақомдорони Тоҷикистону Ҷопон омодагӣ ва иштироки ҳайати олимпӣ дар Бозиҳои Токио-2020 – ро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Томонорӣ Ҳасегева, роҳбари намояндагии сафорати Ҷопон дар Душанбе омодагӣ ва иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои кумита зикр шуд, ки Ёддошти тафоҳум, соли 2018, зимни сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷопон ба имзо расид, ки масъалаҳои машқу тамрини дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро пеш аз Бозиҳои олимпӣ ба танзим медарорад.
“Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум соли 2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар шаҳри Аоморӣ ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуд. Ба ҷамъомадҳои тамринӣ фаро гирифтани ҳайати олимпии Тоҷикистон пеш аз бозиҳо феълан бо ҷониби Аоморӣ баррасӣ мешавад”, - иброз намуд Абдуллозода.
Ба иттилои Кумитаи олимпӣ, Томонорӣ Ҳасегава дар навбати худ Котиби генералии КМО Тоҷикистонро барои роҳхати олимпӣ гирифтани варзишгарони тоҷик ва иштирокашон дар Бозиҳои олимпии Токио табрик гуфт.
Ӯ иброз намуд, ки Сафорати давлати Ҷопон дар Душанбе омодааст барои сафарбар намудани ҳайати олимпии Тоҷикистон кумак намояд.
“Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон омодааст, ки минбаъ низ барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти варзиш, рушду инкишофи намудҳои миллӣ ва олимпии варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарони Тоҷикистон пайваста ба КМО Тоҷикистон кӯмак намояд”, - илова намуд Томонорӣ Ҳасегава.
Олимпиадаи Токио аз 23 июл то 8 августи соли равон дар назар аст.