Ягона шаҳре, ки дар ҷаҳон ба ҷанги ҳастаӣ тоб меорад, Маскав аст: Амрико тасдиқ кард

© Sputnik / Алексей Дружинин/Антон Денисов/Пресс-служба президента РФ / Гузариш ба медиабонкЗвезда на Водовзводной башне Московского Кремля
Звезда на Водовзводной башне Московского Кремля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Обуна шудан
Коршиноси амрикоӣ шаҳреро номбар кард, ки қодир аст аз ҷанги ҳастаӣ наҷот ёбад
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Маскав қодир аст аз ҷанги ҳастаӣ наҷот ёбад, зеро онро "сипари бузурги зиддимушакӣ" ҳифз мекунад, менависад маҷаллаи амрикоии The National Interest.
Ба гуфтаи муаллифони мақола, пойтахти Русия нисбат Лондон ва ё Вашингтон беҳтар ҳифз шудааст.
"Маскав сипари азими дифои зиддимушакӣ дорад, ки метавонад ногузар ва ё комилан корношоям бошад", - навиштааст муаллиф Калеб Ларсон.
Ҳамин тариқ, нашрия қайд мекунад, ки Русия яке аз кишварҳое мебошад, ки беҳтарин мудофиа аз мушакро дорад ва ҳамзамон ба навсозии "чатри ҳастаӣ" барои ҳифзи қаламрави худ идома медиҳад.
Чунин муҳофизатро системаи нави дифои зиддимушакии Маскав, ки шартан А-235 ном дорад, таъмин мекунад. Он бо назардошти камбудиҳои системаҳои зиддимушакии қаблии Шӯравӣ ва Русия сохта шудааст.
Тахмин мезананд, ки воситаҳои мудофиа дар оянда бояд ҳамаи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои гиперсадоро бигиранд.
Қаблан Иёлоти Муттаҳида аз набудани силоҳи гиперсадо дар Паради Ғалаба, ки рӯзи 9 май дар Маскав баргузор шуд, изҳори нигаронӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0