https://sputnik.tj/20210513/rahmonzoda-dar-toshkand-faoliyati-diplomati-1039422505.html
Раҳмонзода дар Тошканд: оғози фаъолияти дипломатии собиқ вазир ва мушовири президент
Раҳмонзода дар Тошканд: оғози фаъолияти дипломатии собиқ вазир ва мушовири президент
Sputnik Тоҷикистон
Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизи ҳамчун сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон фаъолияти дипломатияшро оғоз кард
2021-05-13T15:16+0500
2021-05-13T15:16+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
сафир
ӯзбекистон
абдуҷаббор раҳмонзода
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039421529_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_3fd9e52c3acf019e7e4a6a2ca2c5e0c1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки аввали моҳи май роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Тошканд таъин шуда буд, нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон супорид.Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Абдулазиз Комилов, нусхаҳои эътимодномаи сафири навтаъйини тоҷикро пазируфта, ӯро бо оғози фаъолият дар Ӯзбекистон табрик гуфт ва ба ӯ дар вазифаи баланду масъулиятнок бурдборӣ таманно кард. Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвари бародар, имрӯз муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон босуръат рушд карда, самтҳои навро фаро мегиранд ва бо мундариҷаи амалӣ пур мешаванд. Ҷонибҳо ҷадвали чорабиниҳои ояндаро дар сатҳҳои олӣ ва баланд баррасӣ карданд, инчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.Раҳмонзода Абдуҷаббор, қаблан дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард.Ёдовар мешавем қаблан Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Содиқ Имомӣ буд, ки ҳамакнун муовини вазири корҳои хориҷии кишвар таъйин шудааст.
https://sputnik.tj/20210504/rahmoni-rahmonzoda-safir-dar-uzbekiston-tayin-kard-1039260579.html
https://sputnik.tj/20210513/rahmon-mrziyoev-muloqot-didor-1039417538.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039421529_37:0:1006:727_1920x0_80_0_0_27551db3a8a7b4485bee2b63190d613f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмонзода абдуҷаббор, сафир, тошканд, тоҷикистон, ӯзбекистон
раҳмонзода абдуҷаббор, сафир, тошканд, тоҷикистон, ӯзбекистон
Раҳмонзода дар Тошканд: оғози фаъолияти дипломатии собиқ вазир ва мушовири президент
15:16 13.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ ҳамчун сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон фаъолияти дипломатияшро оғоз кард
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки аввали моҳи май роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Тошканд таъин шуда буд, нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон супорид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Абдулазиз Комилов, нусхаҳои эътимодномаи сафири навтаъйини тоҷикро пазируфта, ӯро бо оғози фаъолият дар Ӯзбекистон табрик гуфт ва ба ӯ дар вазифаи баланду масъулиятнок бурдборӣ таманно кард.
Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвари бародар, имрӯз муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон босуръат рушд карда, самтҳои навро фаро мегиранд ва бо мундариҷаи амалӣ пур мешаванд.
Ҷонибҳо ҷадвали чорабиниҳои ояндаро дар сатҳҳои олӣ ва баланд баррасӣ карданд, инчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раҳмонзода Абдуҷаббор, қаблан дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард.
Ёдовар мешавем қаблан Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Содиқ Имомӣ буд, ки ҳамакнун муовини вазири корҳои хориҷии кишвар таъйин шудааст.