Путин мусалмононро ба Иди Рамазон табрик кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин выступил на сессии онлайн-форума "Давосская повестка дня 2021"
Президент РФ В. Путин выступил на сессии онлайн-форума Давосская повестка дня 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар пайёми табирикотиаш аз фаъолияти воқеан фидокоронаи мусалмонҳо қайд кард
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мусулмононро бо Иди Рамазон табрик гуфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Иди Рамазон дар соли 2021 ба санаи 13 май рост омад.
"Моҳи шарифи Рамазон ба анҷом расид ва мусулмонони Русия шодон аз ҷашни деринтизор истиқбол мегиранд. Аз қадимулайём Иди Рамазон бо корҳои неку ғамхорӣ ба ниёзмандон таҷлил карда мешавад, ки ин аз хоҳиши мардум ба худтакмилдиҳӣ шаҳодат медиҳад", - гуфт Путин.
Раисҷумҳури Русия илова кард, ки пайравони дини Ислом дар Русия ба анъанаҳои таърихӣ, динӣ ва фарҳангии ниёгони худ эҳтиром мегузоранд ва онҳоро аз насл ба насл интиқол медиҳанд.
Ураза-байрам: традиции празднования - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Иди Рамазон: анъанаҳои ҷашн
"Созмонҳои мусулмонӣ дар ҳаёти кишвар фаъолона иштирок мекунанд, ҳамкориҳоро бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мустаҳкам мекунанд, ба ташаббусҳои хайриявӣ, маърифатӣ ва маорифпарварӣ таваҷҷӯҳи бепоён медиҳанд. Албатта, ман махсусан фаъолияти воқеан фидокоронаи онҳоро қайд мекунам, ки дар ин замонҳои душвор ба одамон кӯмак мекунанд, ки зинда монанд ва бо душвориҳо мубориза баранд" – таъкид доштааст Владимир Путин.
Иди Рамазон ё Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 13 май ҷашн гирифта мешавад
Дар ин рӯз мусулмонон либоси тоза ба бар намуда, субҳи барвақт барои гузоштани намози ид ба масҷидҳо мераванд. Пас аз гузоштани намози ид ба аёдати падару модар, шахсони барҷомонда, ятимону маъюбон рафта, онҳоро бо рӯзи саиди Фитр табрик менамоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯзи бузург мардум аз ҳамдигар пӯзиш талабида, гуноҳҳои якдигарро мебахшанд. Дар замонҳои пеш маҳз дар ҳамин рӯз миёни кишварҳои мухолиф созишномаҳои сулҳ баста мешуд.
Лентаи хабарҳо
0