https://sputnik.tj/20210512/tojikiston-peshvoz-prezident-toqaev-1039406031.html
Тоҷикистон ба пешвози президент Тоқаев омодагӣ мебинад
Тоҷикистон ба пешвози президент Тоқаев омодагӣ мебинад
Sputnik Тоҷикистон
Сафари Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-20 майи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст 12.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-12T18:20+0500
2021-05-12T18:20+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
президент
қазоқистон
осиёи марказӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102915/87/1029158769_0:0:2655:1494_1920x0_80_0_0_ef012b49a124c378dd3fca9e83898d2e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май - Sputnik. Тоҷикистон ба пешвози президент Тоқаев омодагӣ мебинад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъ, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Таҷибаевро ба ҳузур пазируфт.Гуфта мешавад, дар мулоқот мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.Бино ба иттилои котиби матбуотии президенти Қазоқистон Берик Уалӣ, дар ин сафар Тоқаев ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад."Президент Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон 19-20 майи соли равон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ҷараёни сафар мулоқоти сарони ду давлат дар шакли маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст", - навиштааст Уалӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ.Ба гуфтаи ӯ, рӯзномаи музокирот масъалаҳои рушди шарикии стратегии ду кишварро бо таъкид ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар бар мегирад."Ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказӣ диққати махсус дода мешавад", - гуфт Уалӣ.Санаи сафари Тоқаев ба Душанбе маълум шудҚаблан хабар дода шуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ дошт.Дар ҷараёни музокирот Раҳмон пешниҳод кард, ки Тоқаев моҳи май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд.
https://sputnik.tj/20210503/raisjumhur-qazoqiston-tojikiston-meoyad-1039233211.html
https://sputnik.tj/20210503/suhbati-telefoni-tojikiston-qazoqiston-toqaev-davat-paziruft-1039236517.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102915/87/1029158769_0:0:2655:1992_1920x0_80_0_0_c4f3c87108ec9b5de6ba20c76a968de4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, президент, қазоқистон, осиёи марказӣ, сиёсат
дар тоҷикистон, президент, қазоқистон, осиёи марказӣ, сиёсат
Тоҷикистон ба пешвози президент Тоқаев омодагӣ мебинад
18:20 12.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Сафари Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-20 майи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12 май - Sputnik. Тоҷикистон ба пешвози президент Тоқаев омодагӣ мебинад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Таҷибаевро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, дар мулоқот мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
"Инчунин табодули афкор оид ба раванди омодагӣ ба сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Тоҷикистон, ки 19-20 майи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, сурат гирифт", - менависад манбаъ.
Бино ба иттилои котиби матбуотии президенти Қазоқистон Берик Уалӣ, дар ин сафар Тоқаев ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад.
"Президент Қосим Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон 19-20 майи соли равон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ҷараёни сафар мулоқоти сарони ду давлат дар шакли маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст", - навиштааст Уалӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзномаи музокирот масъалаҳои рушди шарикии стратегии ду кишварро бо таъкид ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар бар мегирад.
"Ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказӣ диққати махсус дода мешавад", - гуфт Уалӣ.
Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ дошт.
Дар ҷараёни музокирот Раҳмон пешниҳод кард, ки Тоқаев моҳи май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд.