Русияро чӣ маҷбур кард, ки аз Шартномаи фазои кушод барояд

Обуна шудан
Моҳи январи соли 2021 Русия расмиёти тарк кардани Аҳдномаи фазои кушодро оғоз кард
Владимир Путин ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун дар бораи баромадан аз Аҳдномаи фазои кушодро пешниҳод кард. Ин яке аз аҳдномаи умдаи ҳарбӣ миёни Маскав ва Ғарб ба ҳисоб мерафт.
То моҳи ноябри соли 2020 беш аз 30 кишвар иштирокчии он буданд, аммо баъдан Амрико аз он хориҷ шуд. Қарори худро Қасри сафед ба нақз шудани шартҳои АОК аз ҷониби Русия рабт дод. Аммо Маскав ин иттиҳомотро рад мекунад.
Бояд гуфт, ки созишнома ба иштирокчиён имкон медод, ки аз қаламрави якдигар парвоз кунанд ва озодона маълумот дар бораи низомиёни кишварҳои аъзо гирд оранд.
Русия хоҳиши ИМА-ро дар бораи даст кашидан аз Шартномаи фазои кушода маҳкум мекунад
Хориҷ шудан аз созишнома, Амрикоро аз ин ҳуқуқҳо маҳрум кард. Аммо Маскав метарсад, ки амрикоиҳо ҳанӯз ҳам аз муттаҳидони худ, ки аз шартнома хориҷ нашудаанд, маълумот ба даст оранд.
Маскав борҳо изҳор дошт, ки онҳо омодаанд дар сурати дубора баргаштани Амрико ба ин созишнома, тасмими худро бознигарӣ кунанд. Аммо бо вуҷуди иваз шудани роҳбарият, Қасри сафед тасмимашро дигар накард.
Қаблан Русия эълом дошт, ки то тобистони соли 2021 расмиёти хуруҷро ба анҷом мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0