Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси Исфара ба хонаводаҳои мотамзада фотиҳахонӣ рафт

© Хадамоти матбуоти раиси шаҳри ИсфараБаҳоваддин Баҳодурзода ба аёдати хонаводаҳои мотамзада рафт
Баҳоваддин Баҳодурзода ба аёдати хонаводаҳои мотамзада рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Баҳоваддин Баҳодурзода дар нахустин рӯзи мураххас шудан аз бемористон ба аёдати хонаводаҳое рафт, ки фарзандони худро дар низои ахири марзӣ аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи аввали кории худро пас аз шифо ёфтан аз аёдати оилаҳои нафароне шурӯъ кард, ки қурбони муноқишаҳои ахири марзӣ гардиданд.
Бар хабари котиботи раиси шаҳри Исфара, Баҳодурзода аз хонаводаи 10 шаҳид боздид намуда, ба пайвандони онҳо кумакҳои моддӣ расонд.
Ситуация на границе Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“На ину на он”: “Головное” бояд аз кӣ бошад?
Раиси Исфара аз ҷумла ба манзили сокинони ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов дидан намуда, ба наздикони онҳо изҳори ҳамдардӣ намуд.
Инчунин Баҳодурзода ба хонаводаи сокини ҷамоати деҳоти Сурх, Бахтовар Маҳмудов ва сокини ҷамоати деҳоти Ворух Меҳрӯзиддин Болтаев ташриф оварда, ба пайвандони онҳо низ изҳори тасаллият кард.
Манбаъ меафзояд, зимни суҳбат бо аҳли оилаи фавтидагон, Баҳодурзода таъкид намудааст, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0