https://sputnik.tj/20210512/peshnihod-man-ruzi-kori-idho-ramazonu-qurbon-tojikiston-1039409343.html
Пешниҳоди манъ ва рӯзи корӣ кардани идҳои Рамазону Қурбон дар Тоҷикистон
Пешниҳоди манъ ва рӯзи корӣ кардани идҳои Рамазону Қурбон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Адиб Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, масъалаи муваққатан манъ ва рӯзи корӣ эълон кардани идҳои Рамазон ва Қурбонро дар кишвар ба миён гузоштааст.
2021-05-12T20:09+0500
2021-05-12T20:09+0500
2021-05-13T17:53+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
фарҳанг
рамазон
қурбон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102585/45/1025854575_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_b178552c4e7a33ea063a4fcc3f5c61a4.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik Ато Мирхоҷа бо ишора ба дарк нашудани моҳияти идҳои Фитру Қурбон дар Тоҷикистон, пешниҳод намудааст, ки ин идҳо муваққатан манъ ва рӯзҳои корӣ эълон гарданд. Ин пешниҳод дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи ин ду ид нархҳо якбора боло мераванд. Шоир Исмоил Зарифӣ низ мазмуни пешниҳоди Ато Мирхоҷаро ба ҳамёнпуркунии бархе аз афрод бо сӯиистифода аз ин идҳо рабт додааст. “Ба он “мусулмонон”-е, ки ин идҳоро фақат дар пур кардани ҳамён медонанд ва лофи имон мезанананд, то омадани инсоф ягон ид зарурат надорад. Нархҳои имрӯзаи бозорҳои Душанбе ҳуштро аз сар меканонанд”, - навиштааст Зарифӣ. Бисёре аз шореҳон бо ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод ҳикмати онро дар ин гуфтаанд, ки моҳияти ин идҳо дуруст дарк нашудааст. Гуруҳи дигар бо зикри он, ки 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд, ин пешниҳодро бемаврид хондаанд. Инчунин шоир Озар Салим низ аз гароншавии нархҳо дар бозорҳо шикоят кардааст. Ӯ дар сафҳаи фейсбукияш навишт, “иддае аз туҷҷор арзиши колоро чунон баланд бурдаанд, ки гӯӣ қимати донаи чормағзу лаъли Бадахшон як аст ва иддаи дигарро ки ночор даст ба хариди он задаанд, ба дурустии кори худ тардид асту шак”.Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо имзои як қарор, санаи Иди Рамазонро расман 13 май муқаррар кардааст. Руҳониён муваззаф шудаанд, ки сарфаю сириштакорӣ барои мардум ташвиқ кунанду худашон низ намунаи ибрат бошанд.
https://sputnik.tj/20210424/boykot-rohi-peshgiri-az-garonii-narhho-dar-tojikiston-1039011691.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102585/45/1025854575_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1f72bdbd7682b693d7b874289d9e7185.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ид, рамазон, манъ, ҷонибдорӣ, мухолифат
ид, рамазон, манъ, ҷонибдорӣ, мухолифат
Пешниҳоди манъ ва рӯзи корӣ кардани идҳои Рамазону Қурбон дар Тоҷикистон
20:09 12.05.2021 (Навсозишуда: 17:53 13.05.2021) Адиб Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, масъалаи муваққатан манъ ва рӯзи корӣ эълон кардани идҳои Рамазон ва Қурбонро дар кишвар ба миён гузоштааст.
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik Ато Мирхоҷа бо ишора ба дарк нашудани моҳияти идҳои Фитру Қурбон дар Тоҷикистон, пешниҳод намудааст, ки ин идҳо муваққатан манъ ва рӯзҳои корӣ эълон гарданд.
“Ба назарам, вақти он расидааст, ба Парлумон пешниҳод кунем, ки то донистани моҳияти идҳои Фитру Қурбон, ҳар ду дар Тоҷикистон муваққатан манъ ва рӯзҳояшон корӣ эълон карда шаванд”, - пешниҳод намудааст шоир дар сафҳаи фейсбукияш.
Ин пешниҳод дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи ин ду ид нархҳо якбора боло мераванд. Шоир Исмоил Зарифӣ низ мазмуни пешниҳоди Ато Мирхоҷаро ба ҳамёнпуркунии бархе аз афрод бо сӯиистифода аз ин идҳо рабт додааст.
“Ба он “мусулмонон”-е, ки ин идҳоро фақат дар пур кардани ҳамён медонанд ва лофи имон мезанананд, то омадани инсоф ягон ид зарурат надорад. Нархҳои имрӯзаи бозорҳои Душанбе ҳуштро аз сар меканонанд”, - навиштааст Зарифӣ.
Бисёре аз шореҳон бо ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод ҳикмати онро дар ин гуфтаанд, ки моҳияти ин идҳо дуруст дарк нашудааст. Гуруҳи дигар бо зикри он, ки 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд, ин пешниҳодро бемаврид хондаанд.
Инчунин шоир Озар Салим низ аз гароншавии нархҳо дар бозорҳо шикоят кардааст. Ӯ дар сафҳаи фейсбукияш навишт, “иддае аз туҷҷор арзиши колоро чунон баланд бурдаанд, ки гӯӣ қимати донаи чормағзу лаъли Бадахшон як аст ва иддаи дигарро ки ночор даст ба хариди он задаанд, ба дурустии кори худ тардид асту шак”.
Ид омаду рафт мард, то нон бихарад,
Чизе пайи оростани хон бихарад.
Гуфтем, ба бозор чӣ дидӣ, гуфто:
Шайтон бифурӯшаду мусалмон бихарад.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо имзои як қарор, санаи Иди Рамазонро расман 13 май муқаррар кардааст. Руҳониён муваззаф шудаанд, ки сарфаю сириштакорӣ барои мардум ташвиқ кунанду худашон низ намунаи ибрат бошанд.