https://sputnik.tj/20210512/navor-sel-markaz-kulob-1039397956.html
"Вазъият безеб, бисёр безеб": навори селхезӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои он
"Вазъият безеб, бисёр безеб": навори селхезӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои он
Sputnik Тоҷикистон
Сели рӯзи гузашта дар Кӯлоб на танҳо канорҷойҳои шаҳрро фаро гирифт, балки маркази шаҳрро низ хароб кард 12.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-12T14:56+0500
2021-05-12T14:56+0500
2021-05-12T15:03+0500
дар тоҷикистон
кӯлоб
сел
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039396621_20:0:1092:603_1920x0_80_0_0_b7ccc8c2af71c856dd60eeab9b1ce969.jpg
Сели рӯзи 11 май дар минтақаҳои шаҳри Хатлон ва Ҳисор бисёр харобиовар буд. Мақомот феълан хисороти молии ин ҳодисаро эълон накардаанд, аммо мутаассифона дар пайи ҳодиса 8 нафар ҷон бохтанд.Бо гузашти як рӯз аз ҳодиса шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз наворҳои тафсилоти ҳодисаи селхезии даҳшатбор гаштааст.Чунончи канали Like tjk дар Ютуб навори сел ва оқибатҳои онро аз гӯшаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб намоиш додааст.Дар аввал муаллифи навор маркази шаҳрро намоиш медиҳад. "Вазъият безеб, бисёр безеб. Ин ҷоро сахт об бурдааст", - мегӯяд вай.Сипас муаллиф ба канорҷойҳо шаҳр меравад ва маҳаллаеро нишон медиҳад, ки он ҷо низ сел ҷараён дорад. Дар ҳамин ҳол, селроҳае, ки дар навор метавон дид, пур аз ашёи рӯзгор аст, ки об бурдааст.Дар наворе ҳатто чанд сокинон фарёд мезананд, ки "об чанд говро бурд".Дар наворе бозори марказии шаҳри Кӯлоб нишон дода мешавад, ки он ҳам зери сел мондааст.Хонаҳои вайронаву пур аз лой: навори сели даҳшатбор ва пайомадҳои он дар КӯлобБархе аз наворҳои дигар кӯчаҳои шаҳрро метавон дид, ки манзилҳо дар он то нимаи деволҳояшон зери об мондаанд.Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд.Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод. Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд.Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039396621_154:0:958:603_1920x0_80_0_0_a26ce39add1b517d7f5c6427c4bc11e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кӯлоб, сел, навор
дар тоҷикистон, кӯлоб, сел, навор
"Вазъият безеб, бисёр безеб": навори селхезӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои он
14:56 12.05.2021 (Навсозишуда: 15:03 12.05.2021) Сели рӯзи гузашта дар Кӯлоб на танҳо канорҷойҳои шаҳрро фаро гирифт, балки маркази шаҳрро низ хароб кард
Сели рӯзи 11 май дар минтақаҳои шаҳри Хатлон ва Ҳисор бисёр харобиовар буд. Мақомот феълан хисороти молии ин ҳодисаро эълон накардаанд, аммо мутаассифона дар пайи ҳодиса 8 нафар ҷон бохтанд.
Бо гузашти як рӯз аз ҳодиса шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз наворҳои тафсилоти ҳодисаи селхезии даҳшатбор гаштааст.
Чунончи канали Like tjk дар Ютуб навори сел ва оқибатҳои онро аз гӯшаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб намоиш додааст.
Дар аввал муаллифи навор маркази шаҳрро намоиш медиҳад.
"Вазъият безеб, бисёр безеб. Ин ҷоро сахт об бурдааст", - мегӯяд вай.
Сипас муаллиф ба канорҷойҳо шаҳр меравад ва маҳаллаеро нишон медиҳад, ки он ҷо низ сел ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол, селроҳае, ки дар навор метавон дид, пур аз ашёи рӯзгор аст, ки об бурдааст.
Дар наворе ҳатто чанд сокинон фарёд мезананд, ки "об чанд говро бурд".
Дар наворе бозори марказии шаҳри Кӯлоб нишон дода мешавад, ки он ҳам зери сел мондааст.
Бархе аз наворҳои дигар кӯчаҳои шаҳрро метавон дид, ки манзилҳо дар он то нимаи деволҳояшон зери об мондаанд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод. Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.