https://sputnik.tj/20210512/hayri-naberai-prezident-dar-vmkb-1039397054.html
Хайри набераи Президент дар ВМКБ: Ҳукумат сарчашмаи даромадашро гуфт
Хайри набераи Президент дар ВМКБ: Ҳукумат сарчашмаи даромадашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати ВМКБ аз хайри Исмоили Маҳмадзоҳир набераи президенти Тоҷикистон хабар дода сарчашмаи даромадашро низ баён кардааст
2021-05-12T14:43+0500
2021-05-12T14:43+0500
2021-07-29T13:14+0500
дар тоҷикистон
вмкб
фаъолияти хайрия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0b/1039365824_68:85:464:307_1920x0_80_0_0_f448602636866839ac5d659d4f401314.png
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати ВМКБ аз кумаки рамазонии Исмоили Маҳмадзоҳир ба 500 оилаи ниёзманд дар вилоят хабар дода, сарчашмаи даромадашро соҳибкорӣ арзёбӣ кардааст. Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси ВМКБ, аз ҷониби соҳибкори ҷавони шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Исмоили Маҳмадзоҳир ба 500 оилаи ниëзманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кумаки яквақтаи ғизоӣ дастрас гардид. Манбаъ афзуд, ин иқдом дар ҳошияи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳри дастгирии афроди камбизоат дар арафаи Иди саиди Фитр сурат гирифт. Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба соҳибкории ҷавони шаҳри Бохтар барои кумак намудан ба табақаи ниёзманди вилоят изҳори сипос намудаст. Набераи президент ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кумак расонд - аксЁдрас мешавем, ки пештар набераи калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Исмоил Маҳмадзоир ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумак расонда буд. Исмоили Маҳмадзоҳир, фарзанди духтари калонии Президент, Фирӯза Раҳмонова ва Маҳмадзоҳир Соибов мебошад, ки 21 сол дошта, тайи моҳҳои охир аз хайрҳои кардааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин гузориш нашр шуданд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар замони пандемия ба беш аз 2 ҳазор оила маводи ғизоӣ кумак кардааст.Калонтарин бозори шаҳри Бохтар "Ҳоҷӣ Шариф" - ро марбут ба хонаводаи Соҳибовҳо медонанд ва набераи Президент низ худро дар саҳифаи расмиаш дар инстаграм соҳибкор муаррифӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20201013/Naberai-kalonii-Prezident-ba-modaru-dukhtari-muhtoj-2-khona-dod-video-1032078465.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0b/1039365824_0:65:470:418_1920x0_80_0_0_57d357125b4f69752738cd6b1e767a08.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумати вмкб, сарчашма, набераи президент, кумаки хайрия
ҳукумати вмкб, сарчашма, набераи президент, кумаки хайрия
Хайри набераи Президент дар ВМКБ: Ҳукумат сарчашмаи даромадашро гуфт
14:43 12.05.2021 (Навсозишуда: 13:14 29.07.2021) Ҳукумати ВМКБ аз хайри Исмоили Маҳмадзоҳир хабар дода, сарчашмаи даромадашро низ баён доштааст. Исмоил набераи калонии президенти Тоҷикистон мебошад, ки дар моҳи Рамазон ба навоҳии гуногун кумак расондааст
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати ВМКБ аз кумаки рамазонии Исмоили Маҳмадзоҳир ба 500 оилаи ниёзманд дар вилоят хабар дода, сарчашмаи даромадашро соҳибкорӣ арзёбӣ кардааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси ВМКБ, аз ҷониби соҳибкори ҷавони шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Исмоили Маҳмадзоҳир ба 500 оилаи ниëзманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кумаки яквақтаи ғизоӣ дастрас гардид.
Манбаъ афзуд, ин иқдом дар ҳошияи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳри дастгирии афроди камбизоат дар арафаи Иди саиди Фитр сурат гирифт.
"Кумак аз қабили картошка, шакар, равған, биринҷ ва макарон буда он дастраси оилаҳои ниёзманди вилоят мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба соҳибкории ҷавони шаҳри Бохтар барои кумак намудан ба табақаи ниёзманди вилоят изҳори сипос намудаст.
Ёдрас мешавем, ки пештар набераи калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Исмоил Маҳмадзоир ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумак расонда буд.
Исмоили Маҳмадзоҳир, фарзанди духтари калонии Президент, Фирӯза Раҳмонова ва Маҳмадзоҳир Соибов мебошад, ки 21 сол дошта, тайи моҳҳои охир аз хайрҳои кардааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин гузориш нашр шуданд.
Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар замони пандемия ба беш аз 2 ҳазор оила маводи ғизоӣ кумак кардааст.
Калонтарин бозори шаҳри Бохтар "Ҳоҷӣ Шариф" - ро марбут ба хонаводаи Соҳибовҳо медонанд ва набераи Президент низ худро дар саҳифаи расмиаш дар инстаграм соҳибкор муаррифӣ мекунад.