СММ ғолиби аслии Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро ном бурд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкВоенный парад в городах России, посвящённый 76-й годовщине Победы
Военный парад в городах России, посвящённый 76-й годовщине Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш гуфт, дар пирӯзӣ бар фашизм кадом кишвар саҳми бештар гузоштааст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ саҳми ҳалкунанда аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ гузошта шудааст.
Дар ин бора, дабири кулли СММ Антонио Гутерриш пеш аз сафар ба Маскав дар мусоҳиба бо хабарнигорон, гуфт.
Вай ба мардуми шӯравӣ изҳори миннатдорӣ кард, ки ба гуфти Гутерреш, забти фашистонро пешгирӣ карданд, ки на танҳо Урупо, балки тамоми ҷаҳонро забт карданӣ буданд.
"Ман мехоҳам якдилии амиқи худро ба тамоми мардуми Русия дар робита ба ҷашни пирӯзӣ бар фашизм изҳор намоям", - гуфт Гутерриш.
Ӯ қайд кард, ки саҳми Иттиҳоди Шӯравӣ дар ғалаба дар ҷанг ҳалкунанда буд.

"Иттиҳоди Шӯравӣ азоби азимро аз сар гузаронд, то натсизм мағлуб шавад. Ман мехоҳам аз ин саҳм шодии амиқи худро изҳор намоям. Пешгирии забти Урупо ва тамоми олам аз ҷониби фашистон хеле муҳим буд", - хулоса кард Гутерриш.

Ёдовар мешавем, ки сафари расмии дабири кулли СММ ба Русия рӯзи сешанбе сурат мегирад. Рӯзи чоршанбе вай бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтушунид мекунад. Мавзӯҳои асосии нишаст вазъи Сурия, Либия ва Украина хоҳанд буд.
Ветеран с детьми перед началом военного парада в ознаменование 70-летия Победы в Великой Отечественной войне 1941-1945 годов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
"Афсона" – ҳои ғарбӣ: чаро Ғалабаи Бузургро наметавон аз мардуми Шӯравӣ рабуд?
Ба гуфти Гутерриш, сафар ба Маскав бояд ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва СММ-ро дар тамоми соҳаҳои фаъолият тақвият бахшад.
Пеш аз ҳама, ин таъмини сулҳу амният, рушди устувори муносибатҳои байни инсон ва табиат, иқлим, ҳифзи гуногунии намудҳо, мубориза бо ифлосшавии муҳити атроф ва инчунин ҳуқуқи инсон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0