https://sputnik.tj/20210511/rishva-maktab-ronandagi-samsun-1039365702.html
Ришвагирӣ дар мактаби ронандагии "Самсун": ҷонишин шаҳодатномаро 4600 сомонӣ нарх кард
Ришвагирӣ дар мактаби ронандагии "Самсун": ҷонишин шаҳодатномаро 4600 сомонӣ нарх кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонишини мудири ин мактаб дар ду ҳолат барои додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба корафтодаҳо беш аз 4 500 сомонӣ талаб карда гирифтааст 11.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-11T15:00+0500
2021-05-11T15:00+0500
2021-05-11T16:09+0500
парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
ришва
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:5184:2916_1920x0_80_0_0_143d2cd1e66172c535ac985e9fd28375.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як масъули мактаби ронандагии "Самсун" хабар медиҳад, ки дар фурӯши шаҳодатномаи ронандагӣ муттаҳам дониста мешаад.Ба иттилои манбаъ, ба фурӯши ҳуҷҷати ронандагӣ ҷонишини директори мактаби мазкур Я.Д.Б. даст задааст.Манбаъ меафзояд, номбурда ҳамчунин моҳи ноябри соли гузашта айнан бо ҳамин усул аз як корафтодаи дигар 4 700 сомонӣ талаб карда гирифтааст.Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати ҷонишини директори мактаби "Сайсун" бо моддаи 279 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он баъди тасдиқи фикри айдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_38d4205fa73bbbbeca8bd7510f1a6af7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оҷонсии зидди фасод, шаҳодатномаи ронандагӣ, фурӯш
оҷонсии зидди фасод, шаҳодатномаи ронандагӣ, фурӯш
Ришвагирӣ дар мактаби ронандагии "Самсун": ҷонишин шаҳодатномаро 4600 сомонӣ нарх кард
15:00 11.05.2021 (Навсозишуда: 16:09 11.05.2021) Ҷонишини мудири ин мактаб дар ду ҳолат барои додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба корафтодаҳо беш аз 4 500 сомонӣ талаб карда гирифтааст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як масъули мактаби ронандагии "Самсун" хабар медиҳад, ки дар фурӯши шаҳодатномаи ронандагӣ муттаҳам дониста мешаад.
Ба иттилои манбаъ, ба фурӯши ҳуҷҷати ронандагӣ ҷонишини директори мактаби мазкур Я.Д.Б. даст задааст.
"Номбурда моҳҳои октябр - ноябри соли гузашта аз корафтода "А" барои ба номи писара омода кардани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ, 4650 сомонӣ талаб карда гирифтааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ меафзояд, номбурда ҳамчунин моҳи ноябри соли гузашта айнан бо ҳамин усул аз як корафтодаи дигар 4 700 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати ҷонишини директори мактаби "Сайсун" бо моддаи 279 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он баъди тасдиқи фикри айдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.