Оғози сабти номи номзадҳои интихоботи президентӣ дар Эрон

© AFP 2023 / -Женщина в Тегеране на фоне рисунка флага на стене
Женщина в Тегеране на фоне рисунка флага на стене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Сабти номи довталабони номзадии сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон субҳи имрӯз оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, толори бузурги Вазорати кишвари Эрон имрӯз ба рӯи довталабони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ боз шуд ва ин афрод то рӯзи шанбеи оянда ба муддати панҷ рӯз фурсат доранд довталабии худро дар ин интихобот дар вазорати кишвар сабт кунанд.
Бар асоси модаи 35 қонуни интихоботи раёсат ҷумҳур, довталабон ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҷузъи риҷоли мазҳабӣ, сиёсӣ, асли эронӣ, тобеъи кишвари Эрон, мудир ва мудабир, дорои собиқаи хуб, амонат ва тақво ва мӯъмину муътақид ба мабоонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мазҳаби расмии кишвар бошанд.
Принц Саудовской Аравии М. ибн Салман Аль Сауд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Арабистони Саудӣ бо Эрон дӯст мешавад?
Пас аз поёни сабти номҳо, дар марҳалаи баъдии интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, шӯрои нигаҳбон ба муддати 5 рӯз салоҳияти довталабони номзадӣ дар интихоботро баррасӣ ва эълом хоҳад кард ва номҳои номзадҳои таъйиди салоҳиятшуда аз сӯи вазорати кишвари Эрон эълом хоҳад шуд то мардум номзадҳои ниҳоии интихоботро бишиносанд ва дар бораи онҳо тасмимгирӣ кунанд.
Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 18 июн баргузор хоҳад шуд.
Давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон 4 сола аст ва ҳар раиси ҷумҳурӣ метавонад ду давраи пай дар пай дар интихобот ширкат кунад.
Лентаи хабарҳо
0